Амали қонун — мафҳуме, ки ҳудуди зарурати қонунро дар замон, макон ва нисбат ба доираи муайяни шахсиятҳо муайян менамояд.

Нисбати ин ё он қонун ба тавассути қарорҳои мушаххас ё санадҳои махсус татбиқ карда мешавад. Амали қонун дар замон аз лаҳзаи эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардани қонуни мазкур то давраи қатъи амали он дар назар аст. Ҳамчун қоидаи умумӣ, қонун дар ҳама ҷо аз лаҳзае қудрат пайдо мекунад, ки дар худи қонун зикр шуда бошад. Агар чунин муҳлат дар худи қонун пешбинӣ нашуда бошад, пас вай дар муддати муайяне, ки мақоми расмӣ онро интишор кардааст, қудрат пайдо мекунад. Дар раванди татбиқи амали қонун дар замон қоидаи «Қонун қувваи бозгашт надорад» хеле муҳим аст. Ин қоида фақат ба он муносибатҳое дахл мекунад, ки баъди эътибори расмӣ гирифтани қонун пайдо мешаванд.

Амали қонун дар макон аз рӯи ҳудудҳои таҳти таъсири ин мақоми қонунгузор (ҳудуди хушкӣ, обӣ ва фазои ҳавоии дохили сарҳади давлатӣ, бойгарии зеризаминии ин давлат, ҳудуди сафоратхонаҳо дар мамолики дигар, киштиҳои ҳарбию тиҷоратӣ дар баҳри кушод) қарордошта муқаррар мешавад. Амали қонун нисбат ба ашхос дар доираи он мақомот, ташкилотҳо ва шаҳрвандоне муайяну муқаррар мешавад, ки онҳо ӯҳдадоранд қонуни мавриди назарро риоя ва иҷро намоянд. Ҳамчун қоидаи асосӣ риояи қонун барои тамоми ашхоси дар ҳудуди ҳамон давлат бошанда, бо вуҷуди баъзе истисноҳо, ки дар қонун ишора шудаанд, воҷиб ва фарз аст.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш