Амаравати
Амара́вати (англ. Amaravati) — шаҳр дар штати Маҳараштраи Ҳиндустон, дар соҳили рости дарёи Кришна.
Шаҳр | |
англ. Amaravati | |
Кишвар | Ҳиндустон |
Шаҳр | Андхра-Прадеш |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таъсис | асри III то м.[1] |
Масоҳат |
|
Баландии марказ | 36 ± 1 м |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 434 тан (2010) |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | 08645 |
Нишонаи почта | 522020 |
|
|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Таърих
вироишАҳолии шаҳр 434 ҳазор нафар (2010) мебошад. Амаравати бо ёдгориҳои меъмориаш машҳур буда, туризм ва истеҳсоли матоъҳои пахтагӣ манбаъҳои асосии даромадаш мебошад.
Ёдгориҳои таърихӣ
вироишАмаравати яке аз марказҳои буддоияи аҳди қадим буда, дар ҳудуди он осори меъмории давраи давлатдории Сатаваханҳо (махсусан сулолаи Андҳра) боқӣ мондааст. Машҳуртаринаш ступа — мақбара-маъбади (гунбазшакл) мансуби садаи 2 пеш аз мелод, муқаддасоти буддоиён мебошад. Нигораҳои рӯидевории ин маъбуда, ки ба рӯзгору ҳаёти заминии Буддо ва таълимоти ӯ дахл доранд, хеле ҷолибанд. Девори давродаври он чаҳор дарвозаи ба чаҳор самти олам нигаронидашуда дошта, бо услуби хоси санъати буддоӣ (сутунҳо ва пайкари шерҳо) оро дода шудаанд. Маъбадҳои дертар биноёфта дорои барелйефҳои гуногунмазмун, аз ҷумла тасвири апсарҳо — олиҳаҳои рақсанда («раққосаҳои илоҳитабор»-и бошишгоҳи шоҳони Андҳра) мебошанд.
Баъзе намунаи муҷассамаҳои Амаравати дар осорхонаҳои Мадрас ва Британия маҳфузанд. Мактаби пайкарасозии Амаравати ба санъати буддоии Ҳиндустони Ҷанубӣ ва Шри-Ланка таъсири амиқ расондааст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.