Амборкунӣ ё амбортапун — ҷашни хонаводагии кишоварзони минтақаи ноҳияи Дарвоз мебошад.

Ин ҷашн бахшида ба анҷоми ордкунии ғаллаҳои деҳқонӣ ва дар анбор («ганҷур») захира намудани он баргузор мешуд. Орди аз осиёб овардаро ба кулиҳо рехта, бо пойҳо сум мезаданд (метапидан). Сипас ордҳоро бо испанд ё пиёзи ваҳшии хушккарда дуд меандохтанд ва чашми баду офатҳоро дур мекарданд. Дар ноҳияи Дарвоз ва баъзе деҳаҳои ҳавзаи дарёи Хингоб шаби он рӯзи ордзахиракунӣ зиёфат меоростанд. Аз орди нав нони чапотӣ пухта, таоми равғанҷӯшӣ тайёр мекарданд. Ба зиёфат наздикони хонавода ва баъзе деҳқонони дигарро даъват мекарданд. Нахуст шуда ба хӯрок шахси калонсолу муътабар, бафайзу некқадам, одаме, ки хасису чашмгурусна набошад, шурӯъ мекард. Агар аввал шуда, шахси дорои хислатҳои номатлуб ба хӯрок даст дароз кунад, инро фоли нохуб медонистанд. Зеро дасти номубораки ин шахс шояд файзу баракати захираи ордро дур мекард.

Пас аз итмоми зиёфат пири муътабар чунин дуо медод:

«Арвоҳи Бобои Деҳқун, арвоҳои калунун, ҳами ганҷи боқимундара ба як хушиву хурсандӣ, ба тани сиҳату дили беғам бихурем. Дар ин ганҷ баракати илоҳира бирезуна, ҳазрати Хуҷа назари худша бирасуна. Аллоҳу акбар!»

Рӯзи дигар аз орди ҳосили нав хӯроки маросимӣ – ӯмоч тайёр таҳия карда, «дар ҳаққи арвоҳи гузаштагон» мардони деҳаро зиёфат мекарданд. Деҳқонони нисбатан доро буз ё гӯсфанд кушта, таом пухта, ба мардум медоданд. Амборкунӣ ва зиёфати он як навъ анҷоми мавсими солонаи кишоварзӣ ба шумор мерафт.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 75 - 76