Гӯсфанд - барра ҳайвони хонагӣ мансуби ҷуфтсумҳо. Дар ҷумҳурӣ гӯсфандони қарокӯлӣ, ҳисорӣ ва ҷойдорӣ паҳн гаштаанд.
Гӯсфанд |
---|
|
|
Ovis aries |
|
Саравлоди гӯсфанди хонагӣ - гӯсфандони ваҳшии Ғурм (Муфлон).
Сарнасли тамоми зотҳои гӯсфандони хонагӣ муфлон (ғурм), зернамуди гӯсфанди кӯҳӣ мебошад. Дар вақтҳои пешин ғурм хеле фаровон буд. Маҳалҳои сукунати ҳозираи ғурм ниҳоят кам шудааст. Дар нимбиёбон ва пиставу бодомзори зич (900-2800 метр аз сатҳи баҳр) зиндагӣ мекунад. Шикори бенизом ва дар натиҷаи чорвочаронӣ ғурмҳо хеле кам шуда, дар баъзе маҳалҳо тамоман барҳам хӯрдаанд.
Баъзе олимон сарнасли гӯсфандони хонагии Осиёро гӯсфанди ёбоӣ, Архар (Ғулча) мушуморанд, ки то ҳол дар қаторкӯҳҳои Осиёи Марказӣ дучор меояд. ғулча яке аз калонтарин гӯсфандони ёбоӣ мебошад. Рангаш қаҳваги зард- тоб буда, таҳи шикамаш бо мӯйинаи сафедранг пӯшида шудааст. Ғулчаи нар шохи хеле калону печдори барҷаста дорад. Вазни сари архари болиғ бо шохҳояш 30-40 кг. буда, вазни умумиаш то ба 150-180 кг. мерасад. Солҳои охир саршумори архар хеле кам шудааст. ғулча моҳҳои май ё июн як, баъзан ду барра мезояд. Архар ҳамчун намуди беҳамтои гӯсфанди ёбоӣ ба муҳофизати ҷиддӣ эҳтиёҷ дорад. Дар «Китоби сурх» гӯсфандҳои устюртӣ (аркал ), қизилқумӣ, тоҷикӣ (бухороӣ), тяншонӣ (архар) ҳам чун зернамудҳои гӯсфанди кӯҳӣ дохил шудааст.
Дар ҷаҳон 25 зернамуди гӯсфанди кӯҳӣ маълум буда, ба қатори ҷуфтсумҳо, оилаи ковокшохҳо, синфи ширхӯрон дохил мешавад. Гӯсфанди кӯҳиро дар Осиё тахминан 9000 сол, дар Аврупо 4000 сол пеш аз милод инсон хонагӣ намуд. Дар натиҷаи интихоби табиӣ ва сунъӣ ҳоло 150 намуди гӯсфанди хонагӣ мавҷуд аст. Комёбиҳои фанни генетика ва селексия ба ривоҷи гӯсфандпарварӣ, наслгирӣ мадади хеле калон мебахшад, зеро аз гӯсфандони кӯҳӣ ва хонагӣ намудҳои нави онҳоро пайдо мекунанд. Дар боғи ҳайвонот, мамнӯъгоҳ, дар шароити сунъӣ, муфлон бо гӯсфандони хонагӣ ҷуфт гашта, насли бардам медиҳад. Барои саноати сабук аз гӯсфандон пашм, мӯина ва пӯст мегиранд. Чун маҳсулоти хӯрокӣ гӯшташро истеъмол мекунанд. Дар баъзе мамлакатҳо аз шири гӯсфандон сир, чакка, айрон, қаймоқ мегиранд. Сифати чунин маҳсулот назар ба маҳсулоти ҳайвоноти дигар (гов) якчанд маротиба беҳтар аст.
Гӯсфанд ҷонварест, ки ягон узви он исроф намегардад, ҳатто шохҳояшро истифода мебаранд. Аз рӯдаи гӯсфанд ҳасиб, тори асбобҳои мусиқӣ тайёр мекунанд. Ҳатто ҳамчун риштаи амалиёти ҷарроҳӣ истифода мебаранд ва он дар организми инсон худ аз худ ҳал мешавад. Дар ҳадисҳо, ки дар он тафаккури динӣ, бадеӣ, илмӣ, фарҳангӣ, ҷаҳонфаҳмӣ, ҷаҳонбинии Муҳаммад пайғамбар инъикос ёфтаанд, чунин навишта шудааст: «Гӯсфанд бипоед, барака меёбед», «Дар вақти муносибат ба ҳайвони безабон аз Худо тарсед. Онҳоро аввало фарбеҳ намуда, баъд хӯрокӣ намоед», «Муъминон, ки гӯсфанду аспу шутур парвариш мекунанд, ба давлат, ҳурмат ва хушбахтӣ соҳиб мегарданд».[1]