Хлорамбен

(Тағйири масир аз Амибен)

Амибен, амобен, хлорамбен, (C7H5Cl2NO2) — як навъ гербисид. Моддаи кристаллии сафед. Амибенро чун консентрати эмулсияи 25%-а ё ғурӯшаи 10%-а истеҳсол мекунанд. Барои нест кардани алафҳои бегона (турбгиёҳ, шӯра, обдуздак, курмак ва ғайра) ба помидор (пеш аз шинондани кӯчат) ва соя (пеш аз нешзанӣ) мепошанд. Баъди 2 — 3 моҳ дар хок пурра таҷзия мешавад. Барои занбӯри асал безарар аст.

Сарчашма

вироиш