Комилбек Амид Ёрбек (Комилбеков Амид Ёрбекович; 8 августи 1985, ноҳияи Шуғнон) — омӯзгор ва сиёсатшиноси тоҷик, доктори илмҳои сиёсӣ (2023).

Амид Комилбек
Таърихи таваллуд 8 август 1985(1985-08-08) (39 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои сиёсӣ[d] (2023)
Алма-матер

Зиндагинома

вироиш

Комилбек Амид Ёрбек 8 августи соли 1985 дар ноҳияи Шуғнон ба дунё омадааст. Соли 2009 Донишгоҳи давлатии Хоруғро хатм кардааст. Аспиранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2010—2013), соли 2014 рисолаи номзадии «Идоракунии сиёсӣ дар раванди сиёсии муосир» (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон) дифоъ кардааст. Докторанти кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017—2022). Соли 2023 дар мавзӯи «Системаи идоракунии сиёсӣ: ҷанбаҳои назариявӣ, методологӣ ва амалӣ дар шароити Тоҷикистон» рисолаи докторӣ дифоъ кардааст.

Фаъолияти корӣ

вироиш

Асисстенти кафедраи Таърихи умумии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев (2010—2011), омӯзгор-коромӯзи кафедраи педагогикаи таҳсилоти олӣ ва фанҳои гуманитарии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (2011—2012), муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва рушди шахсияти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (2014—2016), мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва равандҳои сиёсии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016—2019), мудири кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2019—2020), декани факултети таҳсилоти фосилавӣ ва таҳсилоти дуюми олии касбии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (апрел-август 2020), ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020—2022).

Комилбек Амид Ёрбек аз 25 июли 2022 ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ таъйин шудаааст[1][2].

Таълифот

вироиш

Муаллифи 3 монография, 38 мақолаи илмӣ, китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ, воситахои таълим ва барномаҳо мебошад.

Монография

вироиш
  • Комилбек, A. Ё. Идоракунии сиёсӣ дар раванди сиёсии муосир. — Д., 2019. — 176 с.
  • Комилбек, A. Ё. Низоми идоракунии сиёсӣ дар Тоҷикистон: таҳлили назариявӣ-амалӣ. — Д., 2022. — 187 с.