Аминии Самарқандӣ (c. тав. ва ваф. номаълум) — шоири тоҷик (а. 16).

Аминии Самарқандӣ
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома вироиш

Дар «Тазкират-уш-шуаро»-и Мутрибӣ чун шоири хушсуҳбат, соҳиби зеҳни тезу хотираи мустаҳкам, дорои табъи салим ёд шудааст. Дар охири умр ба Балх рафт. Бо тахалл., «Мавҷӣ» низ шеър гуфтааст.

Намунаи ашъор вироиш

Абёти зерин аз ӯст:

Аз он замон, ки ин ҷаҳонро Худой кард падид,
Кашем миннати дунон барои нафси палид.
Палиду гавдану беақл нокасе бошад,
Касе, ки аз пайи дунон барои нафс давид…
Бурид меҳр зи дунон Аминии бедил,
Чу ҷуръае зи майи шеър бениёз кашид.
* * *
Бастам ба мижа чашми бади каҷназаронро,
Оре, кӣ тавон баст ба мех оби равонро.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Суханварони Сайқали рӯи замин, Д., 1973.

Сарчашма вироиш