Ами́ни Наҷҷор (Абусарроқа Абдурраҳмон ибни Аҳмади Балхӣ; с. тав. ва ваф. номаълум) — шоири форс-тоҷик (а. 11).

Амини Наҷҷор
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома вироиш

Дар зодгоҳаш – Балх таҳсил карда ба камол расидааст. Ба касби наҷҷорӣ (чӯбтарошӣ) низ машғул буд, аз ин рӯ, «Наҷҷор» ба номи ӯ илова гардидааст. Дар сарчашмаҳои адабӣ чун шоири доираи адабии Ғазнин ёд шудааст. Ба қавли Авфӣ «шеъри ӯ завқи айёми ҷавонӣ ва таровати самои ағонӣ дорад». Авфӣ дар «Лубоб-ул-албоб» як қасидаи ӯро намуна овардааст. Аз мазмуни қасида бармеояд, ки монанди Унсурию Фаррухӣ дар сафарҳои ҷангии Маҳмуди Ғазнавӣ иштирок кардааст ва ё онҳоро васф намудааст.

Намунае аз осор вироиш

Аз осори Амини Наҷҷор намунаҳо ба тавассути тазкираҳо боқӣ мондаанд. Абёти зер аз ӯст:

Зиреҳпӯш, турки ман – он моҳпайкар,
Зиреҳ дорад аз мушк бар моҳи анвар.
Кӣ дидаст мушки мусалсал зиреҳсой?
Кӣ дидаст моҳи мунаввар зиреҳвар?
Ба мушк андараш Тиру Баҳрому Зӯҳра,
Ба моҳ андараш савсану мушку абҳар…

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Абдуллоев А., Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи аввали асри XI, Д., 1979.

Сарчашма вироиш