Аминонӣ — усули ба пайвастҳои гуногуни органикӣ дохил намудани аминогурӯҳ – NH2. Якчанд роҳи аминонӣ маълум аст. Яке аз онҳо таъсири амиди металлҳои ишқорӣ ба пайвастҳои гетеросиклӣ мебошад. Mac., бинобар таъсири ҳамдигарии пиридин бо амиди натрий дар ҳарор. 200°С α-аминопиридин, ҳангоми аз найчаи тафсон гузарондани буғи бензолу аммиак бошад, анилин ҳосил мешавад.

C5H5N + NaNH2

→ C5H5N(NH2) +NaH

C6H6 + NH3 → C6H5NH2 + H2

Усули нисбатан муҳими аминонӣ ҳосил намудани аминокислотаҳо бо роҳи аминонии α-галогенокислотаҳо аст. Он бо якчанд роҳ сурат мегирад: Аминонии α-галогенокислотаҳо ё эфири онҳо бо миқдори зиёди аммиак; истифодаи фталамиди калий ба ивази аммиак; усули сиангидринӣ, яъне таъсири кислотаи сианид ба алдегид ва кетонҳо. Усули охириро олимон Н. Д. Зелинский ва Т. Стадник такмил доданд. Онҳо ба ҷойи кислотаи сианиди заҳрнок сианиди калий ва хлориди аммонийро истифода намуданд. Аминониро бо роҳи таъсири якҷояи аммиак ва гидроген ба α-кетокислотаҳо (бо иштироки катализатор, мас., Pt, Pd) низ гузарондан мумкин аст. Онро аминонии барқарорсозанда меноманд. Реаксияи мазкур дар организм низ ба амал меояд. Дар ин маврид чун унсури барқарорсоз коферменти НАДН амал хоҳад кард. Mac., кислотаи α-кетоглутарати ҳуҷайра (маҳсули мубодилаи карбогидратҳост) ба кислотаи L-глутаминат табдил меёбад. Яке аз усулҳои аминонӣ, ки аҳамияти амалӣ дорад, ба аминогурӯҳ иваз намудани гурӯҳи гидроксили фенолҳост. Аминонии фенолҳои якатома душвор, вале аминонии фенолҳои сератома нисбатан осон ҷараён мегирад.

Адабиёт

вироиш
  • Перекалин В. В., Зонис С. А., Органическая химия, М., 1966;
  • Тюкавкина Н. А., Бауков Ю. И., Биоорганическая химия, М., 1985;
  • Самиев М. С., Методические разработки по теоретическому курсу биоорганической химии, ч. II, Д., 1984.

Сарчашма

вироиш