Аминопластҳо
Аминопластҳо (пластикаҳои карбамидӣ) — пластмассаҳое, ки дар асоси зифтҳои синтезӣ ҳосил карда шуда, хосияти термореактивӣ доранд.
Бештар аминопластҳои асосашон зифтҳои мочевина-формалдегидӣ ва меламин-формалдегидӣ маъмуланд. Аминопластҳо ба таъсири равшанӣ тобовар буда, бӯй надоранд, рангро мегиранд (ранг кардан мумкин), аз ҷиҳати физиологӣ безарар мебошанд. Онҳо ба таъсири кислотаҳо ва ишқорҳои суст, спирт, бензин, атсетон, хлороформ ва дигар моддаҳои органикӣ устуворанд. Маснуоте, ки аз зифтҳои меламин-формалдегидӣ тайёр карда мешаванд, нисбат ба маснуоти аз зифтҳои мочевина — формалдегидӣ таҳияшуда ба таъсири гармӣ ва намӣ устувор мебошанд.
Корбурд
вироишАминопластҳоро дар саноат дар намуди хокаи фишурда, пластикаҳои варақин ё маводи масомадор истеҳсол мекунанд. Барои хокаҳои фишурда орди чӯб, талқ, азбест ва дигар моддаҳоро кор мефармоянд. Зичии маснуоти аз зифти мочевина-формалдегидӣ тайёркарда 400 кг/м3, устувориаш ҳангоми ёзидан 350—500 кгс/см2 аст. Аз хокаҳои фишурда чарчинворӣ, ашёи хониш, асбоби рӯзгор, бозича, қисмҳои асбобҳои барқӣ, қуттии телефон, телевизор ва ғ. месозанд. Ҳангоми ҳосил кардани пластикаҳои варақин чун пуркунанда ба онҳо коғаз, маводи пахтагӣ, асбестӣ ва шишагӣ ҳамроҳ мекунанд. Зичии чунин пластика 1400 кг/м3, устувориаш ҳангоми қат кардан 1000 кгс/см2, намкашиаш тақр. 4 % аст. Бинобар шаффоф буданаш аминопластҳоро барои тайёр кардани ашёи ороиш (рӯйпӯши мизҳо, деворҳо, дукончаҳо ва ғайра) истифода мебаранд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Петров Г. С., Левин А. Н., Термореактивные смолы и пластические массы, М., 1959;
- Справочник по пластическим массам, ч. 1, М., 1967, с. 396.
Сарчашма
вироиш- Аминопластҳо // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Ин химия мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. |