Аминофенолҳо
Аминофенолҳо — карбогидридҳои ароматӣ, ки дар сиклашон гурӯҳҳои -NH2 ва -ОН доранд. Вобаста ба мавқеи аминогурӯҳ ва гурӯҳи гидроксил о-Аминофенол, м-Аминофенол ва n-Аминофенол маълуманд. Усули умумии ҳосил кардани аминофенолҳо барқарор намудани нитрофенолҳо мебошад:
- C6H4(NО2) ОH + 6H → C6H4(NH2)ОH + 2H2О
Дар саноат аминофенолҳоро бо роҳи дар иштироки кислотаи сулфати консентронида барқарор намудани нитробензол ҳосил мекунанд. Аминофенолҳо моддаҳои сахти кристаллии беранганд; дар ҳавои нам оксид шуда, ранги ҷигарии сиёҳтоб мегиранд. Маҳлули обии аминофенолҳо ба зудӣ таҷзия мешавад; хосияти асосӣ зоҳир менамоянд; бо кислотаҳо намак ва дар ишқорҳо ҳал шуда, фенолят ҳосил мекунанд. Мета- ва пара- изомерҳои аминофенолҳо барои истеҳсоли рангҳои сулфурдор ва баъзе рангҳои дигар (мас., ранги ҷигарӣ барои пашм); пара- изомери аминофенолҳо ва ҳосилаҳои он, мас., метол дар суратгирӣ чун падиддору истифода мешаванд. Аз ҳосилаҳои аминофенолҳо дар тиб парасетамол ва фенатсетинро чун доруҳои рафъи дард ва табшикан истифода мебаранд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Ин химия мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. |