Амин Аҳмади Розӣ (форсӣ: امین احمد رازی‎; қарни XVI — қарни XVII) — шоир, адиб ва муаррихи форс-тоҷик.

Амин Аҳмади Розӣ
Таърихи таваллуд: асри XVI
Таърихи даргузашт: асри XVII
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: ҷуғрофиёдон

Зиндагинома

вироиш

Оид ба худаш дар тазкирааш «Ҳафт иқлим» маълумот додааст. Аз оилаи шахси сарватманд буд. Дар зодгоҳаш ш. Рай таҳсил карда, ба камол расидааст. То соли 1577 сокини шаҳри Исфаҳон буд. Баъдан ба Ҳиндустон ҳиҷрат кард ва ба хидмати дарбори шоҳ Акбар (ҳукмр. 1556—1605) роҳ ёфт. Дар ҳамин давра китоби «Ҳафт иқлим»-ро навишт.

Намунаи ашъор

вироиш

Абёти зерин аз ӯст:

Ман, ки ба ғаввосии ин баҳри жарф,
Хуни ҷигар хӯрдаам аз ҳарф-ҳарф.
Табъи сухансанҷ шиносад, ки чист,
Кӯр чӣ донад, ки дар ин хона кист…

Сарчашма

вироиш