Амиралӣ Саидбеков (1920, деҳаи Қалъаи Поён, ноҳияи Риштон, вилояти Фарғона —1945, шаҳри Прухнаи Чехословакия) — лейтенанти калони гвардия, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (1945, баъди вафот).

Амиралӣ Саидбеков
Зодрӯз 15 май 1920(1920-05-15)
Таърихи даргузашт 1945
Мансубият
Солҳои хидмат пиёданизом[d]
Қисм Таҳмбон
Равобит
Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ
ордени Ленин Order of Alexander Nevsky Order of the Patriotic War 1st class Order of the Patriotic War 2nd class Ордени Ситораи Сурх

Зиндагинома

вироиш

Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои КПСС аз соли 1942.

Пеш аз армия муаллим ва директори мактаб буд. Соли 1939 ӯро ба хизмати армияи советӣ даъват намуданд. Аз 23 нюни 1941 ба ҷанги зидди фашистон cap карда, дар фронтҳои Ҷанубӣ, Шимолии Кавказ, фронтҳои 1-ум ва 4-уми Украина ҷангид. Амиралӣ Саидбеков командири ротаи тирандозии собиқ полки 325-уми тирандозии гвардиягии дивизияи 129-ум буд; 23 декабри 1944 дар деҳаи, Собранетс (Чехословакия) Соли якумин шуда ротаи худро ба пой хезонда, ба деҳа зада даромад. Ротаи Саидбеков 50 нафар гитлерчиро нобуд карда, 4 фашистро асир ва 5 туп, 25 милтиқу автоматро ғанимат гирифт. 8 марти 1945 душман дар деҳаи Дрогомисли Чехословакия ҳамаи биноҳои сангинро ба нуқтаҳои оташкушоии пулемёт табдил дода, ба аскарони мо таҳдид мекард. Амиралӣ Саидбеков қувваҳои ротаашро моҳирона ҷо ба ҷо гузошта, нуқтаҳои оташкушоии пулемётро муҳосира намуд ва ду биноро ба даст даровард. Дертар ротаи ӯ боз чанд деҳаро аз фашистон озод намуд.

8 апрели соли 1945 гурӯҳи Амиралӣ Саидбеков аз чанд ҳамлаи ҷавобии олмониҳо дар манотиқи аҳолинишини Рогув ва Домбров ҷилавгирӣ карданд. Дар ин набард Саидбеков кушта шуд[1].

Ордену ҷоизаҳо

вироиш

Амиралӣ Саидбеков бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурх ва дигар ордену медалҳо мукофотонида шудааст.

  1. Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҶБВ аз Тоҷикистон(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (8 май 2023). 10 Декабри 2024 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш
  • Саидбеков Амиралӣ / И. Ҳусейнов // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).