Амирӣ (навъи зардолу)
Амирӣ — навъе аз зардолуҳои маҳаллӣ.
Тавсифоти гиёҳшиносӣ
вироишДарахташ аҳромшакли хамидашох, навдаҳои яксолааш кӯтоҳу ғафс. Баргаш дилмонанд, нӯгтез, дандонадор. Охири май гул карда, охири июн мепазад. Мевааш майда (26 – 30 г), сафеди зардтоб, дар мобайнаш чок дошта, меваи зардолуи луччакро мемонад. Гӯшташ сероб, ширин ва хеле хуштаъм. Донакаш майда, аз гӯшт зуд ҷудо мешавад; мағзаш ширин. Асосан барои тархӯрӣ истифода мешавад; ғӯлунгаш пастсифат аст. Амирӣ барои консервонӣ хеле мувофиқ мебошад.
Дарахтони алоҳидаи амирӣ дар боғҳои кӯҳнабунёди ноҳияҳои Айнию Мастчоҳ, Панҷакент ва ҳаволии шаҳрҳои Самарқанду Бухоро вомехӯранд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Плодовые Среднего Таджикистана, Л., 1935.
Сарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.