Амирӣ (навъи себ)
Амирӣ — навъе аз себҳои маҳаллии пешпазак; селексияи халқист. Мевааш гирда, нӯгаш паҳн, сафеди ширмонанд, қисми болои тарафи офтобрасаш тобиши гулобӣ дорад. Пӯсташ суфтаи шаффоф, мағзаш сахти карсосӣ, сершираи нордон, вазнаш 75 – 80 г; авв. июл мепазад (аз шамол мерезад). Ҳангоми пухта гузаштан мевааш пахтамонанди бешира мегардад. Дарахти 15 – 20-солааш то 150 кг ҳосил медиҳад. Дар баъзе деҳаҳои водии Ҳисор парвариш мекунанд. Асосан барои тархӯрӣ истифода мешавад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Викторовский Г. П., Плодовые ресурсы Бухарской республики. Всесоюзный институт растениеводство, ВАСХНИЛ, XIV, Л., 1936.
Сарчашма
вироиш- Амирӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.