Амир Ҳумоюни Самарқандӣ

Амир Ҳумоюни Самарқандӣ (қарни XVI) — шоири форс тоҷик.

Амир Ҳумоюни Самарқандӣ
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Мувофиқи маълумоти Хоҷа Ҳасани Нисорӣ «Музаккир-ул-аҳбоб» Амир Ҳумоюни Самарқандӣ яке аз шоирони машҳури давр будааст. Аз осори боқимондаи ӯ, дар тазкираҳову баёзҳо бармеояд, ки ба забони равону сода, самимию риндона эҷод мекардааст. Абёти зерин намунае аз шеъри ӯянд:

Дӯш дастор гарав аз пайи саҳбо кардам,
Доштам дарди саре, аз сари худ во кардам.
Соф аз нақши ҷаҳон то шавад ойинаи дил,
Талаб аз майкадаҳо ҷоми мусаффо кардам.
Номи занҷири ҷунун кам шуда буд аз олам,
Дар раҳи ишқ ман ин силсила барпо кардам.

Адабиёт

вироиш