Амифос
Амифос, C6H14NO3 — як навъ инсектоакарисид. Чун консентрати эмулсияи 40-фоиза истеҳсол мекунанд. Амифосро барои маҳви куяи лаблабуи қанд (ба ҳар га 0,6 – 0,8 кг), ширинчаи барги лаблабу (ба ҳар га 0,2 – 0,3 кг), кайки лаблабу (ба ҳар га 0,3 – 0,6 кг), инчунин барои нест кардани тортанаккана ба пахтазор (ба ҳар га 0,8 – 1 кг), канаи сурху нуқрагун, зиреҳакҳо, қалбакзиреҳакҳо ва дигар ҳашароти зараррасони дарахтони ситрусӣ (ба ҳар га 1,6 – 2,4 кг) ва кирминаи гардаи токзор (ба ҳар га 0,5 – 1,6 кг) мепошанд.
Барои ҳайвонот зарар дорад.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Амифос // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.