Амлаҳи Бухороӣ
Амлаҳ Мулло Миразими Бухороӣ[1], Қозӣ Абдулазими Бухороӣ[2] (?, Бухоро — 1894, ҳамон ҷо) — шоир, хаттот ва настаълиқнависи форс-тоҷик.
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Зиндагинома
вироишДар замоне ки Возеҳ тазкираашро тадвин кардааст, Амлаҳ дар «авоили шубоб», Қуръонро «хуб забту ҳифз намуда» буд. Ба қавли Возеҳ, дар шеър низ қудрат доштааст. Дар тазкираи Муҳтарам аз Амлаҳ чун шахси баркамол ва ба мансаби қозигӣ расида ёд мешавад. Амлаҳ дар навишти хат, махсусан настаълиқ маҳорат доштааст. Шоири ғазалсаро низ будааст. Мавзӯи асосии ғазалҳояш ишқ аст. Зимни онҳо баъзе байтҳои ҳасбиҳолӣ, андарзӣ вомехӯранд. Дар ду тазкираи номбурда аз Амлаҳ 60 байт намуна оварда шудааст. Дар баёзҳои садаи XIX низ намунаҳои ашъори Амлаҳ ба назар мерасанд.
Абёти зерин аз ӯст:
- Рӯзу шаб аз олами таҳқиқ дар гӯшам садост,
- К-ихтилоти мардуми беҳудагӯ доми балост.
- Дам фурӯ каш маҳрами хилватгаҳи мардум шавӣ,
- Сурмаро аҷри хамӯшӣ ҷой андар дидаҳост.
- Эй табиби бехирад, аз фикри дармонам гузар,
- Ман маризи кӯҳнаи ишқам, ки дардам бедавост.
- Ман на танҳо доғам, Амлаҳ, аз ҷафои рӯзгор,
- Лоласон, ҳар дил, ки мебинам ба доғе мубталост.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Амлаҳ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Муҳтарам, Тазкират-уш-шуаро, Д., 1975;
- Возеҳ, Тӯҳфат-ул-аҳбоб фӣ тазкират-ил-асҳоб, Д., 1977.