Амнияти байналмилалӣ
Амнияти байналмилалӣ — низом ва услуби муносибатҳои байналмилалӣ, ки шомили суботи бомароми рушди иқтисодӣ, сиёсӣ ва дигар муносибатҳои байни давлатҳо буда, ба рафъи таҳдидҳои таҷовузи беруна, таъмини ҳамзистии осоиштаи давлатҳо дар пояи баробарҳуқуқӣ, истиқрори истиқлоли миллӣ, соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти комили халқҳо асос меёбад. Фароҳам овардани чунин шароити мусоид яке аз вазифаҳои умда ва муҳиму пурмасъули ҳар як давлат буда, дар ҳуқуқи байналхалқии муосир, аз ҷумла дар Оинномаи СММ ифода ёфтааст.
Пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939–45) бар асари қувват гирифтани таҳдид ва хатари ҷанги ҷаҳонии атомӣ ва термоядроӣ мубориза ва талошҳо барои таҳкими сулҳ ва таъмини амнияти халқҳо таъхирнопазир гардиданд. Ин талошҳову муборизаҳо тамоми халқи ҷаҳонро фаро гирифта, ба ташкили системаи томи давлатҳои мустақили Осиё, Африка ва Америкаи Лотинӣ оварда расонданд. Санадҳои таърихии ҷаласаҳои машваратии байналхалқӣ шоҳиди онанд, ки мубориза барои амнияти байналмилалӣ, халъи силоҳ (яроқпартоӣ), истиқлоли миллӣ, ҳамкорӣ ва сулҳ ҳақиқатан хусусияти умумиҷаҳонӣ ва умумихалқӣ пайдо кардаанд. Воситаҳои асосиву умдаи таъмини амнияти байналмилалӣ мушоҳидаҳои дуҷониба, бароҳандозии бехатарии тарафайн, муттаҳид сохтани давлатҳо дар иттиҳодҳои бисёрҷанба, тааҳҳуди ташкилотҳои байналмилалии умумиҷаҳонӣ, демократикунонии ҷомеа, демилитаризатсия ва гуманизатсияи тартиби сиёсии байналмилалӣ, истиқрори авлавияти (муқаддамӣ, афзалиятнокӣ) ҳуқуқӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ мебошанд. Мутаносибан аз доираи зуҳур сатҳҳои зерини амният фарқ карда мешаванд:
- миллӣ
- минтақавӣ
- глобалӣ – умумӣ.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.