Амнияти хӯрокворӣ, амнияти озуқаворӣ — ҳадафи ягона ва сиёсати аграриву иқтисодии давлат, ҳолати иҷтимоие, ки дар ҳар лаҳзаи он тамоми ақшори ҷомеа имконияти воқеӣ ва иқтисодии дастрас намудани хӯроквории безарарро барои таъмини зиндагии солим доро мебошад.

Амнияти хӯрокворӣ ҳамчун қобилияти кафолат додани давлат дар бобати қонеъ намудани талабот ба хӯрокворӣ дар сатҳе, ки фаъолияти мӯътадили ҳаётгузаронии аҳолиро таъмин менамояд, дониста мешавад. Дар мавриди таъмин намудани талаботи физиологии организми инсон бо моддаҳои ғизоӣ ва энергияҳо, дар як маврид вазифаҳои пешгирикунанда ва табобатӣ иҷро карда мешаванд. Мояи ғамхорӣ бояд ташкили ғизои солим барои тамоми табақаҳои аҳолӣ бошад. Амнияти хӯрокворӣ ҳамчунин омодагии ҳамешагии давлату ҳукуматро ҳангоми рух додани ҳодисаҳои нохуш ва дигар ҳолатҳои фавқулода ифода мекунад. Меъёрҳои асосии амнияти хӯроквории ҳар мамлакате, аз ҷумла Тоҷикистон ҳам, аз ин омилҳо иборат аст: дараҷаи қонеъсозии талаботи физиологӣ ба моддаҳои ғизоӣ ва энергия; безарарии ашёи хоми хӯрокворӣ ва маҳсулоти ғизоӣ; сатҳи дастрасии ҷисмонӣ ва иқтисодии ғизоӣ барои табақаҳои гуногуни аҳолӣ, аз ҷумла истеъмолкунандагони махсус; дараҷаи вобастагии таъминоти хӯроквории мамлакат ва таъминоти захиравии комплекси агросаноатӣ аз воридоти маводи хӯрока аз хориҷ, ҳаҷми захираҳои хӯроквории стратегию таъҷилӣ муқоисатан бо миқдори талаботи тавсияшуда. Бо мақсади баҳо додан мутобиқи ин меъёрҳо ба сатҳи муқарраршуда ва дар оянда пешбинишавандаи амнияти хӯрокворӣ андозаҳои мутобиқро тибқи минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – гурӯҳҳои касбӣ ва ҷинсию синнусолии аҳолӣ кор карда мебарояд. Барои муайян намудани андозаҳои меъёрии сатҳи бехатарии ғизои аҳолӣ аз рӯи миқдор, анвои хӯрок, таркиби моддаҳои ғизоӣ ва басандагии энергетикӣ имкон дорад сабади истеъмолӣ, ки аз рӯи 25 номгӯйи маҳсулот ҳисоб карда мешавад, истифода гардад. Муқоисаи истеъмолоти воқеӣ ва пешбинишаванда аз рӯи ин маҷмӯъ яке аз нишондодҳои асосии сатҳи амнияти хӯрокворӣ ба ҳисоб меравад. Ҳадафи асосии Барномаи амнияти хӯроквории Тоҷикистон низ муайян намудани тадбирҳои муносиби иҷтимоӣ, самарабахшии иқтисодӣ ва аз ҷиҳати молиявӣ ва техникӣ иҷрошаванда, муқаррар намудани афзалиятҳо дар бобати муваффақ гаштан ба амнияти хӯрокворӣ ва рушди устувори бахши аграрӣ мебошад.

Солимии аҳолӣ бойгарии давлат мебошад ва ҳифзи амнияти хӯрокворӣ вазифаи ҳамаи мақомоти назоратии кишвар ба шумор меравад. Дар барномаҳои давлатӣ стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатии мардум дар мадди аввали назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, мақсади асосӣ баланд бардоштани истеҳсолот ва сифати маҳсулоти хӯрокворӣ ба ҳисоб меравад. Сифатнокии молу маҳсулот яке аз масъалаҳои асосии амнияти хӯрокворӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ дониста мешавад. Дар ҳамин раванд аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи мазкур қарору қонунҳо таҳия гардиданд. Яке аз ин қонунҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» мебошад (№ 54 аз 10 майи 2001). Дар қонуни мазкур вазифаи ҳамаи мақомоти назоратӣ оид ба ҳифзи амнияти бехатарии аҳолӣ аз маводи ғизоӣ дар алоҳидагӣ муайян карда шудааст. Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ин ҳолати доштани боварии асоснок ба маҳсулоти хӯрокворист, ки истифодаи он дар шароити муқаррарӣ барои саломатӣ зарарнок нест ва ба саломатии наслҳои ҳозираву оянда хатар надорад. Бехатарии маҳсулоти хӯрокворие, ки аз беруни марзи кишвар ворид карда мешавад, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 139 аз 31 марти 2004 «Дар бораи бақайдгирӣ, барасмиятдарорӣ ва додани хулосаи санитарию эпидемиологӣ» сурат мегирад ва назорат карда мешавад. Таъмини амнияти хӯрокворӣ аз самаранокӣ ва рушди устувори соҳаи кишоварзӣ вобастагӣ дорад. Соҳаи мазкур бахши пешбарандаи иқтисодиёти ҳар кишвар дар алоҳидагӣ ва аз он ҷумла Тоҷикистон низ мебошад. Рушди соҳаи кишоварзӣ барои таъмини босубот ва мутаносиби аҳолии кишвар бо хӯрокворӣ ба тавассути афзоиши мунтазам ва устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳи даромад ва таъмини шуғли аҳолӣ, инчунин ҳифзи захираҳои табиӣ, ки барои тавсеаи такрористеҳсолкунӣ зарур мебошад, мусоидат менамояд. Амнияти хӯрокворӣ ва ғизо ҳамон вақт таъмин ҳисобида мешавад, ки агар хӯроквории мувофиқ (аз нуқтаи назари миқдор, сифат, бехатар будан) мавҷуд ва дастрас бошад ва ҳамаи табақаҳои ҷомеа ҳама вақт барои таъмини ҳаёти фаъол ва солим чунин хӯроквориро истеъмол намоянд.

Сарчашма

вироиш