Амондара
Амондара — деҳа дар ҷамоати деҳоти Амондараи ноҳияи Панҷакент. Аз Амондара то маркази шаҳр 24 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 3624 нафар (2017), асосан тоҷикон, инчунин русҳо ва ӯзбекҳо зиндагонӣ мекунанд.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Суғд |
Ноҳия | Панҷакент |
Ҷамоат | Деҳоти Амондара |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 3624 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонон |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3475 |
Иқтисод
вироишМактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, 3 сартарошхона, нуқтаҳои савдои хусусӣ ва истироҳатгоҳи «Санги Сипар» дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ, боғдорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз сойи Амондара ва аз дарёи Зарафшон обёрӣ мешаванд. Нависанда Сорбон дар ҳамин деҳа таваллуд шудааст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2013. — 332 с. — ISBN 978-99947-33-54-5
Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.