Амондарадеҳа дар ҷамоати деҳоти Амондараи ноҳияи Панҷакент. Аз Амондара то маркази шаҳр 24 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 3624 нафар (2017), асосан тоҷикон, инчунин русҳо ва ӯзбекҳо зиндагонӣ мекунанд.

Деҳа
Амондара
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Суғд
Ноҳия Панҷакент
Ҷамоат Деҳоти Амондара
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 3624 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонон
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3475

Иқтисод вироиш

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, 3 сартарошхона, нуқтаҳои савдои хусусӣ ва истироҳатгоҳи «Санги Сипар» дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ, боғдорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз сойи Амондара ва аз дарёи Зарафшон обёрӣ мешаванд. Нависанда Сорбон дар ҳамин деҳа таваллуд шудааст.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.