Амонии Кобулӣ
Мир Амонии Кобулӣ (? — 1574, Ҷунпур, Ҳиндустон) — шоири форсизабони Ҳиндустон.
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Зиндагинома
вироишБо номи Мунҳиҷа маъруф аст. Дар зодгоҳаш Кобул улуми расмии даврро омӯхта ба камол расид. Сипас ба Ҳиндустон сафар карда, дар дарбори ҳукмрони он кишвар хидмат кардааст. Тазкиранигорон, аз ҷумла Амин Аҳмади Розӣ дар «Ҳафт иқлим» аз ӯ чун шоири боистеъдоду тавоно ёд кардаанд. Дар навъҳои гуногуни адабӣ — ғазал, қасида, рубоӣ ва ғ. асарҳо офаридааст. Намунаҳои ашъораш ба воситаи тазкираҳо то замони мо расидаанд.
Абёти зерин аз ӯст:
- Сина чок асту ҷигар решу дил афгор маро,
- Карда ишқи ту ба сад дард гирифтор маро.
- Оҳ, сад оҳ, ки сӯзи ҷигару оташи дил,
- Кард расвои ҷаҳон оқибати кор маро.
- ***
- Дар ин гулшан дили хунгаштае пайдо на мегардад,
- Ки аз дасти ту набвад лоласон сад доғ бар ҷонаш.
- Нишон гар з-он даҳон хоҳӣ, дило, некӯ тааммул кун,
- Ки ин мушкил муаммоест, натвон ёфт осонаш.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Амонии Кобулӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Мирамонии Кобулӣ // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).
- Мускияту-л-фузало ё Баҳори афғонӣ, Деҳлӣ, 1350 ҳ. қ.