Бекназаров Амо Иванович (номи хонаводагии ҳақиқӣ — Бекназарян[5][6]; арманӣ. Համո Բեկնազարյան; 18911965) — ҳунарпеша ва коргардони синамо, филмноманависи арманӣ, Ҳунарпешаи мардумии Арманистон (1935).

Амо Бекназаров
арманӣ. Համո Բեկնազարյան
Таърихи таваллуд: 31 май 1892(1892-05-31)[1][2][3]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 27 апрел 1965(1965-04-27)[4][2][3] (72 сол)
Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ:
Касб: коргардони филм, ҳунарпешаи синамо, филмноманавис, нависанда
Корнома: аз 1914[2]
Самт: live action[d]
Ҷоизаҳо:
ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени Ситораи Сурх ордени «Нишони Фахрӣ»
Stalin Prize, 2nd degree People's Artist of the Armenian SSR
IMDb: ID 0067384
 Парвандаҳо дар Викианбор

Эҷодиёт

вироиш

Чун ҳунарпеша Бекназаров солҳои 1914—1921 дар филмҳои коргардонҳои рус асосан нақши аъёну ашроф ва «ошиқи салонӣ»-ро бозида, барои ташкил ва инкишофи кино дар Гурҷистон, Арманистон ва Озарбойҷон саҳми калон гузоштааст. Коргардони аввалин филмҳои бадеӣ дар киностудияи навтаъсиси Арманистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон. Солҳои 1932—1935 дар киностудияи «Востоккино»-и Русия фаъолият намуда, аз ҳаёти мардуми Шарқи Дур филмҳо мебардорад. Беҳтарин филмҳои таҳиякардаи Бекназаров: «Падаркуш», «Ганҷи гумшуда», «Севил», «Игденбу», «Пэпо», «Зангизанбӯр», «Давидбек» ва ғайра.

Муаллифи биёр сенарияҳост, ки худ филмбардорӣ кардааст ё дигар коргардонҳо ба навор бардоштаанд. Дар филмҳояш асосан аз рӯзгори пешин ва ҳаёти муосири халқҳои Қафқоз образҳои барҷастаи инсонӣ таҷассум сохтааст. Бекназаров бо «Тоҷикфилм» ҳамкорӣ намуда, филми ҳуҷҷатии «Субтропикҳои Осиёи Миёна» (1953) ва филми бадеии «Насриддин дар Хуҷанд»-ро (1959, бо ҳамроҳии реж. Э. Карамян) таҳия кардааст.

Киностудияи «Арманфилм» соли 1966 ба номи Бекназарян гузошта шудааст.

Ҷоизаву орденҳо

вироиш

Дорандаи Мукофоти давлатии СССР (1941). Бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ», «Ситораи Сурх» сарфароз гардидааст.

Сарчашма

вироиш