Виктор Амбарсумян

Амбарсумян Виктор Амазаспович (арманӣ. Վիկտոր Համազասպի Համբարձումյան, 5 (18) сентябр 1908, Тифлис — 12 августи 1996, Бюракан) — ахтафизикшинос, асосгузори мактаби астрофизикаи назариявии Академияи Илмҳои ИҶШС (1953).

Амбарсумян Виктор Амазаспович
арманӣ. Վիկտոր Համազասպի Համբարձումյան
Վիկտոր Համբարձումյան դրոշմանիշ.jpg
Таърихи таваллуд: 5 (18) сентябр 1908[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 12 август 1996(1996-08-12)[1][2][3][…] (87 сол)
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Фазои илмӣ: ахтарфизик[8] ва ахтаршиносӣ[8]
Ҷойҳои кор:
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои физика ва метематика[d] (1935)
Алма-матер:
Роҳбари илмӣ: Белополский Аристарх Апполонович
Шогирдони маъруф: Viktor Sobolev[d]
Ҷоизаҳо:
Сайт: ambartsumian.ru
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

ЗиндагиномаВироиш

Академик ва президенти Академияи Илмҳои Арманистон (1947), ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1968, 1978). Хатмкардаи Донишгоҳи Ленинград (1928). Солҳои 1934 — 47 профессор донишгоҳи мазкур. Ташкилотчӣ ва роҳбари кафедраи астрофизика, профессор Донишгоҳи Ереван (1947), ноиби президент (1948 — 55) ва президенти Иттиҳоди байналхалқии астрономҳо. Асосгузор (1946) ва директори Расадхонаи астрофизикии Бюракан. Таҳқиқоти муҳимаш дар соҳаи ассотсиатсияҳои ситорагӣ ва ядроҳои фаъоли галактикаҳо бахшида шудаанд. Амбарсумян собит намуд, ки раванди ташаккули ситораҳо дар Кайҳони мушоҳидашаванда идома доранд. Амбарсумян узви ифтихорӣ ва хориҷии Академияи Илмҳои якқатор давлатҳои ҷаҳон буд.

ҶоизаҳоВироиш

Дорандаи Мукофоти сталинӣ (1946, 1950), Мукофоти давлатии Федератсияи Русия (1995), Медали тилоии ба номи М. В. Ломоносов, Қаҳрамони Миллии Арманистон. Ба ифтихори Амбарсумян сайёраи хурд (1905, Ambartsumyan) номгузорӣ шудааст. Соли 2010 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Арманистон Мукофоти ба номи Амбарсумян дар соҳаи астрофизика таъсис дода шуд.

ОсорВироиш

  • Амбарцумян В. А., Научные труды, Ереван, 1960, 1988;
  • Философские вопросы науки о вселенной, Ереван, 1973;

ЭзоҳВироиш

АдабиётВироиш

  • Амбарцумян В. А.; Эпизоды жизни, Ереван, 2001.

СарчашмаВироиш