Ампелогра́фия (аз юн. αμπελος — ангур ва γραφια — менависам) — илмест оид ба намуд ва навъҳои ангур. Ампелография қонунияти тағйирпазирии навъҳои ангурро дар натиҷаи таъсироти муҳит ва инсон меомӯзад.

Симон де Рохас Клементе и Рубо

Истилоҳ

вироиш

Истилоҳи ампелографияро бори аввал табиатшиноси полшавӣ Ф. Я. Сакс истифода бурдааст (1661; аз ин ҷост, ки ӯро асосгузори ампелография мешуморанд).

Ампелографияи умумӣ ва ҷузъӣ

вироиш

Ампелография умумӣ ва ҷузъӣ мешавад. Ампелографияи умумӣ систематика, таснифот ва пайдоиши навъҳои ангур, инчунин методикаи тадқиқоти ампелографӣ ва ампелографияи қиёсиро дар бар мегирад. Мавзӯи омӯзиши ампелографияи ҷузъӣ навъҳои ҷудогонаи ток, тавсифи ботаникӣ, агробиологӣ ва хоҷагию технологии он мебошад. Соли 1878 дар Вена Комиссияи байналхалқии ампелографӣ таъсис ёфт, ки тарзи ягонаи баҳодиҳиро ба навъҳои ангур тасдиқ намуд. Ампелография барои муайян намудани навъҳои ангури тамоми ноҳияҳои токдорӣ ва номи илмии онҳо (синоним ва омонимҳо), ҳалли масоили ба шароити нав мутобиқ гардондани навъҳо ва махсусгардонии токдорӣ, ривоҷи токпарварӣ дар ноҳияҳои нав, интихоб ва истифодаи навъҳо ҳангоми селексия, риоя намудан ба қоидаҳои агротехникӣ дар асоси хусусиятҳои биологии навъҳо имкон медиҳад. Инкишофи ампелографияро ба 3 давр ҷудо мекунанд: тавсифи морфологии навъҳои ҳар ноҳия; ҷамъоварии навъҳо, ки тавсифи морфологии навъҳои ангури ноҳияҳои гуногунро низ дар бар мегирад; тавсифи навъҳои ҷамъоварда ё хоҷагиҳои ҷудогона дар маҳали парвариш. Тадқиқоти ампелографӣ дар санҷишгоҳҳои ампелографӣ, қитъаҳои навъсанҷии давлатӣ ва токзори истеҳсолӣ (токи худрӯйро дар маҳали сабзиш) сурат мегирад. Натиҷаи тадқиқот дар каталогҳои даврӣ ва асарҳои барҷаста таҳти унвони «Ампелография» нашр мешавад.

Ампелография дар Иттҳоди Шӯравӣ

вироиш

Дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ асари 10-ҷилдаи «Ампелография СССР» нашр гардида буд, ки 1500 навъи маҳаллию 1300 хели ғайримаҳаллии токро дар бар гирифтааст. Ба «Ампелография СССР» 119 навъи ангури маҳаллии Тоҷикистон ворид шудааст. Дар натиҷаи омӯзиши муттасили ампелографӣ навъҳои беҳтарини ангур муайян ва дар селексия истифода мегарданд. Парвариши ток, такмили навъҳои нави ангур, баланд бардоштани ҳосил ва беҳтар гардондани сифати маҳсулот, дарёфти воситаҳои нави мубориза бо ҳашароти зараррасон ва касалиҳо аз ҷумлаи пажӯҳишҳои илмии мутахассисони Институти боғпарварию сабзавоткорӣ ва кафедраи боғдории ДАТ мебошанд.

Адабиёт

вироиш
  • Ампелография СССР, М., 1945—1956;
  • Лазаревский М. А., Сорта винограда, М., 1959;
  • Ампелография СССР. Малораспространённые сорта, М., 1963—1966;
  • Ампелография, М., 1970;
  • Кискин П. X., Краткая цифровая ампелография, Кишинёв, 1977;
  • Энциклопедия виноградарства, т. 1, Кишинёв, 1987;
  • Биологический знциклопедический словарь, М., 1989;
  • Грамотенко П. М., Трошин Л. П., Микросистематика винограда, маҷ. «Виноградарство и виноделие», № 10 — 17, М., 1994.

Сарчашма

вироиш