Ампелотерапия, ангуршифоӣ — бо мақсади табобати бемориҳои гуногун истифода бурдани ангури тару тоза ва афшураи он.

Ампелотерапия яке аз усулҳои парҳезшифоӣ буда, бо маслиҳату таъйиноти духтур ва якҷоя бо дорушифоӣ ба ҷо оварда мешавад. Хосиятҳои шифобахшӣ ва парҳезии ангур аз замонҳои қадим маълум аст. Дар ин бора Буқрот, Плиний, Абубакри Розӣ, Абуалии Сино ва дигар олимону донишмандон ақидаҳои ҷолиб баён кардаанд. Дар «Махзану-л-адвия» ном асари Муҳаммад Ҳусейни Оқилӣ омадааст, ки

«Беҳтарин навъи ангур сафеди расидаи ширини шодоби бузургдона аст, ки пӯсташ нозук, тухмаш хурд ва донаҳояш дар миқдор баробар бошанд… Ангур беҳтарин меваҳост дар ғизоият ва тавлиди хуни солеҳ ва баэътидоловарандаи мизоҷҳои ғализ ва софкунандаи хун ва дафъкунандаи моддаҳои савдоӣ ва эҳтироқия (сӯхташуда) аст. Ҳоли сина ва шушро беҳтар ва баданро фарбеҳ мекунад ва пиҳи (чарбу) гурдаро зиёд мегардонад. Оби онро хӯрда, пӯсти онро андохтан лозим аст… Ангури норас ва ғӯра афиси (тақир) сард буда, қувваи қобиза дорад…»

Дар таркиби ангур глюкоза, фруктоза, кислотаҳои себ, силикат, оксалат, салитсилат, ҷавҳари лиму, моддаҳои минералӣ, микроэлементҳо, витаминҳои С, В, провитамини А (каротин), биофлавоноидҳо, ферментҳои гуногун ва ғ. мавҷуданд. Самараи табобатии ампелотерапия бештар ба глюкоза, намакҳои калий (тақр. 250 мг%) ва об (тақр. 70 – 80%) вобастагӣ дорад. Дар мавриди ампелотерапия раванди мубодилаи моддаҳо (хусусан обу намак) меафзояд, фаъолияти гурдаҳо беҳтар шуда, моддаҳои заҳрнок аз организм ихроҷ мегарданд, кори меъда ба сомон меояд, иштиҳо кушода мешавад. Ба сифати парҳезона метавон тамоми анвои ангурро кор фармуд. Ангур барои муолиҷаи бемориҳои дил, бронхҳо, гурда, ҷигар, амрози меъдаю рӯдаҳо, камхунӣ, ниқрис (подагра), сили музмини шуш, харобии силсилаи асабҳо, инчунин ба сифати давои муқаввӣ (ҳангоми маризии бардавом) таъйин карда мешавад. Дар мавриди ампелотерапия аз истеъмоли меваҳои дигар ҳатталимкон худдорӣ кардан лозим; истеъмоли сабзавот, шир, ғизоҳои серравған ва шӯр, квас, оби минералӣ, шароб низ ҷоиз нест. Миқдори ангур ва афшураи он, инчунин давомоти табобат ба таври фардӣ таъйин карда мешавад. Ампелотерапия дар мавриди бемориҳои диабети қанд, фарбеҳӣ, захми меъда, энтерит ва энтероколит, плеврити шадид, стоматит, гингивит, глоссит, сили шадид ва ғ. зарар дорад.

Хосияти шифобахшии мавизи ангур низ аз қадимулайём маълум мебошад. Дар таркиби мавиз то 73% қанд ва ба миқдори зиёд намакҳои калий мавҷуданд. Барг ва навдаҳои тарраки ток низ хосияти табобатӣ доранд. Доруи натуроза, ки аз ангур истеҳсол карда мешавад, барои муолиҷаи хунравии шадид, коллапс, садма (шок) истифода мегардад.

Адабиёт

вироиш
  • Ҳикмати асрҳо (мураттибон В. А. Капранов, Р. Ҳошим), Д., 1974;
  • Шварц А. Б., Виноградолечение, Ялта, 1947;
  • Караджи Г. М., Германов П. Н., Питательная ценность и оздоровляющее значение винограда, Кишинев, 1968;
  • Энциклопедия виноградарства, т. 1, Кишинев, 1986.

Сарчашма

вироиш