Амфотерият
Амфотерият (от юн.-қад. ἀμφότεροι — «ҳам ину ҳам он») — қобилияти баъзе моддаҳо, ки вобаста ба шароит дар онҳо хосияти кислотаҳо ё асосҳо зоҳир мегарданд.
Моддаҳои амфотерро амфолитҳо низ меноманд. Дар молекулаи электролитҳои амфотерӣ устувории банди байни металл ва оксиген аз устувории банди байни оксиген ва гидроген чандон фарқ намекунад. Диссотсиатсияи чунин молекулаҳо эҳтимол аз рӯи ҳардуи ин бандҳо ба амал меояд. Ҳамин тавр, дар маҳлули электролити амфотер мувозанати мураккаби ҳам маҳсули диссотсиатсияи кислота ва ҳам маҳсули диссотсиатсияи асос мавҷуд аст. Ба электролитҳои амфотер гидрооксидҳои алюминий, хром, руҳ ва баъзе элементҳои дигар мисол мешаванд.
Дар ширкати кислота диссотсиатсияи навъи асос, дар ширкати асос диссотсиатсияи навъи кислота бартарӣ дорад. Амфотерият дар баъзе пайвастҳои орга никӣ низ мушоҳида мешавад. Macалан, сафедаҳо электролитҳои амфотерӣ мебошанд. Амфотерияти бисёр пайвастҳоро дар таҳлили химиявӣ истифода мебаранд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Амфотерные гидроксиды и их поведение в водных растворах / Корольков Д. В. Основы неорганической химии. - М.: Просвещение, 1982. - 271 с.
- Кислотные и основные свойства / Общая химия. Под ред. Е. М. Соколовской и Л. С. Гузея. — М.: Изд-во Моск. ун-та, 1989. — 640 с. ун-та, 1989. — 640 с
Сарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.