Анадир
Анадир (русӣ: Ана́дырь, чук. Кагыргын (чукчиҳои ҷанубӣ ва поёнӣ), Въэӈын (чукчиҳои шимолӣ)[1]) — шаҳр дар Федератсияи Русия, маркази маъмурии Округи худмухтори Чукотка. Дар соҳили халиҷи Анадири Баҳри Беринг ҷойгир шудааст (бандари Анадир). Аҳолиаш 11777 нафар (2010).
Шаҳр | |||||
---|---|---|---|---|---|
чук. Кагыргын | |||||
![]() | |||||
|
|||||
Кишвар | Русия | ||||
Координатаҳо | 64°44′ с. ш. 177°31′ в. д.HGЯO | ||||
Номи қавмӣ | ана́дырцы, ана́дырец | ||||
Коди телефон | 42722 | ||||
Сайти расмӣ | novomariinsk.ru | ||||
МаъмуриятВироиш
Солҳои 1932-1980 маркази Округи миллии Чукотка, 1980–1991 маркази маъмурии Округи худмухтори Чукотка, аз соли 1992 – маркази маъмурӣ ва пойтахти Округи худмухтори Чукотка. Бо Петропавловски Камчатка, Владивосток, Магадан, Находка алоқаи баҳрӣ ва бо шаҳрҳои Москва, Владивосток, Хабаровск алоқаи ҳавоӣ дорад. Дар Анадир мақомоти намояндагӣ ва ҳокимияти иҷроия, Дастгоҳи нозироти федералии Намояндаи ваколатдори Президенти Федератсияи Русия дар Округи федералии Шарқи Дур, инчунин идораҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои тобеи округи маҳаллӣ ва федералӣ ҷойгиранд.
ИқтисодВироиш
Анадир заводи коркарди моҳӣ, маркази гармидиҳӣ, қубури интиқоли газ дорад. Дар атрофи Анадир тило ва ангишт истихроҷ мекунанд, гавазнпарварӣ, моҳидорӣ ва шикор тараққӣ кардааст. Дорои Осорхонаи кишваршиносии округӣ мебошад.
ЭзоҳВироиш
- ↑ Меновщиков Г. А. Местные названия на карте Чукотки. Краткий топонимический словарь / Науч. ред. В. В. Леонтьев. — Магадан: Магаданское книжное издательство, 1972. — С. 80, 89. — 207 с. Бойгонӣ шудааст 4 августи 2016 сол.
СарчашмаВироиш
- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2021, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.