Анадир (русӣ: Анадырь, юкагир. Онандырь, чук. Йъаайваам) — дарё дар нимҷазираи Чукоткаи Федератсияи Русия. Дарозиаш 1150 км, масоҳ. ҳавзааш 191 ҳазор км2. Аз паҳнкӯҳи Анадир сар шуда, ба халиҷи Онемени Баҳри Беринг мерезад. Дар резишгоҳ паҳнии дарё 6-7 км аст. Шохобҳои асосиаш: Яблон, Еропол, Майн — аз рост; Чинейвеем, Белая, Танюрер — аз чап. Манбааш барфу борон. Аз октябр то аввали июн ях мебандад. Аз резишгоҳ то деҳаи Марково киштигард аст. Дар поёнобаш моҳӣ зиёд аст. Дар ҳавзаи Анадир конҳои ангиштсанг мавҷуданд.

Анадир (дарё)
чук. Йъаайваам
Мушаххасот
Тӯл 1150 км
Ҳавза 191 000 км²
Сарфи об 2 160 м³/с (резишгоҳ)
Ҷараёни об
Сарчашма  
  Мавқеъ паҳнкӯҳи Анадир
  Координатаҳо 67°03′02″ с. ш. 170°50′47″ в. д.HGЯO
Резишгоҳ Онемен
  Баландӣ 0 м
  Координатаҳо 64°52′40″ с. ш. 176°14′00″ в. д.HGЯO
Нишебии дарё 0,6 м/км
Мавқеъ
Системаи обӣ Баҳри Беринг

Кишвар Русия
Ноҳия Ноҳияи Анадир
Рӯйхати оби Русия
19050000112119000103602
Рамзи ҳавза 19.05.00.001
Рамзи ТҲ 119010360
Ҷилди ТҲ 19[1]
Анадир (дарё) (Русия)
резишгоҳ
— сарчашма, — резишгоҳ
Анадир (дарё)
дар Викианбор
  1. Ресурсы поверхностных вод СССР: Гидрологическая изученность. Т. 19. Северо-Восток / под ред. Ю. Н. Комарницкой. — Л.: Гидрометеоиздат, 1966. — 602 с.

Адабиёт

вироиш

Сарчашма

вироиш