Анаксимандр
Анаксима́ндри Милетӣ (юн.-қад. Ἀναξίμανδρος, 610 — 547/540 то м.) — табиатшинос, ҷуғрофидон, мунаҷҷим ва намояндаи фалсафаи табиати Юнони Қадим, намояндаи дуюми Мактаби Милет, шогирд, рафиқ ва ҳамқавми Фалес.
юн.-қад. Ἀναξίμανδρος | |
Таърихи таваллуд | тақрибан 610 то м.[1][2] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | тақрибан 546 то м.[3][4] |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | фалсафа |
Шогирдон | Пифагор ва Анаксимен Милетӣ[5] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Космология
вироишСоли 547–546 аввалин рисолаи худ – «Дар бораи табиат»-ро нашр кард. Он масъалаҳои космогония, этиологияи хориқаҳои метереологиро дар бар мегирифт. Дар космология Анаксимандр ақида дорад, ки оламро баъди ба вуҷуд омаданаш як чизи беинтиҳои ҳамаро фарогиранда печонда гирифтааст ва баъди ҳалокаташ онро фурӯ мебарад. Ӯ ҳамчун нахустин мунаҷҷими юнонӣ нақшаи ситораҳо ва аввалин харитаи ҷуғрофиро тартиб дода буд. Ақидаи ӯ оид ба хилқат чунин аст: мавҷудот аз мояе ба вуҷуд омадаанд, ки он махлут аз аносири мухталиф аст; он моя на ранг дораду на шакл, тӯдаест дарҳами номутаноҳӣ ва бекашф, ки саросари фазоро фаро гирифтааст, оғозу анҷом надорад, азалию абадӣ ва ҳама вақт дар зиддият аст (ҳам сард асту ҳам гарм, ҳам хушку ҳам тар, доиман дар ҳолати тағйиру табаддул мебошад). Ба туфайли ҳаракати доимӣ ва тазодҳо шаклҳои конкретии ашё муттасил тағйир меёбад. Аз таъсири сардӣ ва гармӣ унсурҳо ба вуҷуд меоянд: хок сарду оташ гарм аст, об ба сардӣ ва ҳаво ба гармӣ майл мекунад. Олам аз ин чор унсур ба вуҷуд омада, рӯи ҳам ба тартиб қарор гирифтаанд. Анаксимандр дар афкори табиию илмиаш Заминро ҷирми куравӣ пиндоштааст. Ба фикри ӯ, тамоми ситорагон дар асл буданд, вале Офтоб бо мурури замон моеи онҳоро бухор кардааст, Моҳ аз Офтоб нур мегирад. Анаксимандр муътақид аст, ки ғайр аз олами моддӣ дигар оламҳо низ вуҷуд доранд. Офтоб, ба фикри Анаксимандр, аз Замин тақр. 20 ё 28 баробар бузургтар аст. Умуман, дар таълимоти Анаксимандр махсусан дар афкори космологиву табиатшиносиаш, унсурҳои диалектика мушоҳида мешаванд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Любкер Ф. Anaximander (рус.) // Реальный словарь классических древностей по Любкеру / под ред. Ф. Ф. Зелинский, А. И. Георгиевский, М. С. Куторга, Ф. Гельбке, П. В. Никитин, В. А. Канский, пер. А. Д. Вейсман, Ф. Гельбке, Л. А. Георгиевский, А. И. Давиденков, В. А. Канский, П. В. Никитин, И. А. Смирнов, Э. А. Верт, О. Ю. Клеменчич, Н. В. Рубинский — СПб.: Общество классической филологии и педагогики, 1885. — С. 86.
- ↑ 2.0 2.1 Roux P. d. Nouveau Dictionnaire des œuvres de tous les temps et tous les pays (фр.) — 2 — Éditions Robert Laffont, 1994. — Vol. 1. — P. 87. — ISBN 978-2-221-06888-5
- ↑ 3.0 3.1 Анаксимандр (рус.) // Энциклопедический словарь / под ред. И. Е. Андреевский — СПб.: Брокгауз — Ефрон, 1890. — Т. Iа. — С. 692—693.
- ↑ Архив по истории математики Мактьютор — 1994.
- ↑ Любкер Ф. Anaximenes (рус.) // Реальный словарь классических древностей по Любкеру / под ред. Ф. Ф. Зелинский, А. И. Георгиевский, М. С. Куторга, Ф. Гельбке, П. В. Никитин, В. А. Канский, пер. А. Д. Вейсман, Ф. Гельбке, Л. А. Георгиевский, А. И. Давиденков, В. А. Канский, П. В. Никитин, И. А. Смирнов, Э. А. Верт, О. Ю. Клеменчич, Н. В. Рубинский — СПб.: Общество классической филологии и педагогики, 1885. — С. 86.
Пайвандҳо
вироиш- Диоген Лаэртский. О жизни, учениях и изречениях знаменитых философов. Кн.2.
- Вольф М.Н. Структура проблемы «начала» в философии Анаксимандра по доксографическим свидетельствам Бойгонӣ шудааст 18 Декабри 2017 сол.
- Астрономия и законы космоса от RIN.RU — Анаксимандр Милетский
- Анаксимандр (статья из Новой философской энциклопедии) Бойгонӣ шудааст 6 апрели 2016 сол.
- Апейрон (статья из Новой философской энциклопедии) Бойгонӣ шудааст 4 марти 2016 сол.
- The Internet Encyclopedia of Philosophy (Dirk L. Couprie) — Anaximander(англ.)
Сарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.