Ана́пашаҳр дар ҷануби Федератсияи Русия, маркази маъмурии кишвари Краснодар. Анапа аз соли 1846 шаҳр, аз 1866курорти иқлимӣ (асосан барои табобати бачагон).

Шаҳр
Анапа
русӣ: Анапа
Парчам Нишон
Парчам Нишон
44°53′40″ с. ш. 37°19′00″ в. д.HGЯO
Кишвар  Русия
Роҳбар Q56310610?
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 1781
Масоҳат
  • 40 км²
Баландии марказ 20 м
Минтақаи замонӣ UTC+03:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Номи қавмӣ анапча́нин, анапча́нка, анапча́не
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 86133
Нишонаи почта 353440–353458
anapa-official.ru
Анапа дар харитаи
Анапа
Анапа
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷуғрофиё ва аҳолӣ

вироиш

Анапа дар халиҷи Анапаи соҳили Баҳри Сиёҳ ҷой гирифта, онро Қаторкӯҳи Асосии Кавказ иҳота кардааст. Аҳолиаш 55,7 ҳазор нафар (2008).

Иқлим

вироиш

Иқлимаш гарми намнок, зимистонаш нарм, ҳарор. миёнаи янв. +1°С. Тобистонаш гарми давомдор, ҳарорати миёнаи июл +23°С. Анапа шаҳри аз ҳама офтобии соҳили Баҳри Сиёҳ аст (мавсими оббозӣ аз 15 май то 15 октябр)

Лойқаи сулфат ва обҳои минералиаш дар таркиби худ гидрокарбонату хлориди натрий дошта, барои табобати бемориҳои шуш, роҳҳои нафас, системаи асаб, камхунӣ истифода мешаванд.

Дар Анапа санаторияҳо, хонаҳои истироҳат, пансионати модарону кӯдакон, инчунин ширкатҳои сайёҳӣ, муассисаҳои саноати хӯрокворӣ ва сабук мавҷуданд. Музей-мамнӯъгоҳи «Горгиппия» ва Музейи кишваршиносӣ дорад.

Сарчашма

вироиш