Анаплазмоз — касалии сироятии ҳайвонот. Анаплазмозро анаплазмаҳо ба вуҷуд меоваранд.

Анаплазмоз
ИхтисосИнфектология, Домпизишкӣ Edit this on Wikidata
Анаплазмоз
МКБ-10 A79.8
eMedicine / 
MeSH D000712

Ба анаплазмоз гов, асп, хачир, хар, шутур, хук, буз, гӯсфанд, саг, гурба, оҳу, ғизол, архар, шоҳбарзагов ва ғ. гирифтор мешаванд. Анаплазмаҳо ба харгӯш, мушу калламуш, хаз ва чӯҷаҳо таъсир намерасонанд. Анаплазмозро дар Тоҷикистон бори аввал соли 1948 Б. В. Лотоский ва М. А. Сиротенко ташхис намудаанд. Касалӣ бештар баҳору тобистон авҷ мегирад. Олимони ҷумҳурӣ намуд ва миқдори канаҳои касалигузарон, мавсим ва паҳншавии онҳоро дар водии Вахш омӯхта, ба хулоса омаданд, ки интиқолдиҳандаи асосии онҳо канаи B. oonhius calcoratus мебошад. Он бештар дар дарёбодҳо, соҳили канал ва буттазору туғайзор дучор омада, аз апр. то окт. дар бадани чорвои калон зиндагӣ мекунад. Солҳои охир дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ (обёрӣ намудани заминҳои нав) канаҳои касалигузарон кам мешаванд. Анаплазмаҳо баъди ба организми ҳайвон ворид шудан, дар рагҳои хун паҳн мегарданд. Дар натиҷа мубодилаи моддаҳо вайрон, кори дил номураттаб, чорво харобу лоғар мешавад, камхунӣ ба вуҷуд меояд. Давраи ниҳони (инкубатсионӣ)-и касалӣ 3-6 ҳафта (баъзан 3 моҳ) аст. Луобпардаҳо аввал каме зардча, сипас сафедранг, ғадудҳои лимфа васеъ, нафасгирӣ душвор, гемоглобини хун 4-5 маротиба кам шуда, гардан ва шикам варам мекунанд. Ҳайвони касал мехобад. Анаплазмозро бо истифода аз антибиотикҳо табобат менамоянд. Ба чорвое, ки камхун шудааст, хлориди кобалт ва сулфиди мис додан лозим. Барои муолиҷаи анаплазмоз истифодаи гемоспоридин, сулфантрол, беринил, витамини В12 ҳам муфид аст. Нобуд кардани канаҳо ва ҳашароти касалигузарон, ҳангоми хунгирӣ риоя намудани қоидаҳои антисептикӣ ва асептикӣ, бо маҳлули 1-фоизаи хлорофос шустани чорво (ҳар ҳафта, аз март то ноябр) тадбирҳои пешгирии анаплазмоз мебошанд.

Адабиёт

вироиш
  • Абрамов И. В., Анаплазмозы животных, М., 1965;
  • Степанова Н. И., Протозойные болезни сельскохозяйственных животных, М., 1982;
  • Ятусевич А. И., Рачковская И. В., Каплич В. М., Ветеринарная и медицинская паразитология. Энциклопедический справочник, М., 2001;
  • Акбаев М. Ш., Паразитология и инвазионные болезни животных, М., 2003.
  • Goodman, J. L. Human Granulocytic Anaplasmosis (Ehrlichiosis) // J. L. Goodman, D. T. Dennis, D. E. Sonenshine (eds) Tick-Borne Diseases of Humans. Washington, D.C.: ASM Press, 2005, pp. 218–238.
  • Hagan, W. A., Timoney, J. F. Hagan and Bruner’s Microbiology and Infectious Diseases of Domestic Animals. Cornell: Cornell University Press, 1988.
  • Lashley, F. R. Lyme Disease, Ehrlichiosis, Anaplasmosis and Babeosis // F. R. Lashley, J. D. Durham. Emerging Infectious Diseases^ Trends and Issues. NY: Springer, 2007.
  • Murray, Patrick R.; Rosenthal, Ken S.; Pfaller, Michael A. Medical Microbiology, Fifth Edition. United States: Elsevier Mosby, 2005.
  • Ristic, M. Diseases of Cattle in the Tropics. NY: Springer, 1982.

Сарчашма

вироиш


Шаблон:Infectology-stub