Анаэробиоз
Анаэробиоз (аз юн. an — ҳиссачаи инкорӣ, юн. aēr — ҳаво ва юн. bíos — ҳаёт), аноксибиоз (лот. oxygenium — оксиген) — қобилияти бидуни мавҷудияти оксиген маҳфуз мондану инкишоф ёфтани микроорганизмҳо.
Чунин мавҷудот барои ҳаёти худ аз ҳисоби амалиёти таҷзияи моддаҳои органикӣ ва ноорганикӣ ғизо мегиранд. Дар шароити анаэробӣ субстрат фақат қисман оксид шуда, моддаҳое ҳосил мегарданд, ки ҳанӯз қисми зиёди энергияи худро нигоҳ медоранд (спиртҳо, кислотаҳои органикӣ ва ғайра). Бинобар ин, анаэробиоз ҳамчун як тарзи мубодилаи моддаҳо назар ба аэробиоз манфиати камтар дорад.
Анаэробиоз 3 хел мешавад:
- туршшавӣ
- нафасгирии анаэробӣ
- фотосинтези бактерияҳо
Ҳамаи онҳо барои анаэробҳо манбаи энергия мебошанд. Амалиёти табдили анаэробӣ баҳри гардиши моддаҳо дар табиат аҳамияти калон дорад.
Ҳамчунин нигаред
вироишЭзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.