Анварбеки Абӯнаср — шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2000)

Анварбеки Абӯнаср
Анварбеки Абӯнаср
Ном ба ҳангоми таваллуд: Анварбеки Абӯнаср
Таърихи таваллуд: 15 январ 1947(1947-01-15) (77 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Панҷакент
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Анварбеки Абӯнаср 15 январи соли 1947 дар деҳаи Варзикандаи ноҳияи Панҷакент таваллуд ёфтааст. Соли 1969 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд (ҳозира Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров)-ро хатм карда то имрӯз дар зодгоҳаш машғули пешаи омӯзгорист. Дар баробари ин, чандин сол боз роҳбари маҳфили адабии «Бунафша» буда, ҳамзамон, дар Донишгоҳи озоди Тоҷикистон (Панҷакент) ба донишҷӯён сабақ медиҳад. Ҳамчунин сармуҳаррири нашрияи «Махзани илм» ва роҳбари маҳфили адабӣ мебошад.

Эҷодиёт

вироиш

Ашъори ӯ дар маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ва алоҳидае бо номҳои «Расид айёми тобистон» ("1991), «Марди накӯном» (1994), «Умеди сабз» (1994), «Дунёи меҳр» (1995), «Модарнома» (2001), «Гулдастаи умед» (2002), «Таронаҳои зиндагӣ» (2003), «Пайғоми дил» (2005), «Рӯдакӣ ва Лоиқ» (2008), «Мавҷи нур» (2008) ба табъ расидаанд. Мураттиб ва муҳаррири маҷмӯаҳои дастҷамъии эҷодкорони ноҳия — «Бунафшаи Зарафшон» (1991) ва «Понздаҳ барг» (2000) мебошад.

Ҷоизаҳо

вироиш
  • Аълочии маорифи Тоҷикистон (2004);
  • Ордени «Шараф» (2007).[1]
  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 25 ISBN 978-99947-2-379-9