Бобоҷон Ғафуров

шарқшинос, ходими илмӣ ва давлатӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон

Бобоҷон Ғафуров (ба форсӣ: باباجان غفورف‎; 18 [31] декабр 1908, Исфисор, Уезди Хуҷанд, Вилояти Самарқанд, генерал-губернатории Туркистон, Русияи подшоҳӣ12 июл 1977, Душанбе) — каҳрамони Тоҷикистон, арбоби сиёсию давлатӣ, муаррихи барҷаста, шарқшиноси машҳури тоҷик, доктори илми таърих, профессор, узви пайвастаи АИ Тоҷикистон (1951), узви пайвастаи АИ Иттиҳоди Шӯравӣ (1968), Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1967).

Бобоҷон Ғафуров
Ғафуров Бобоҷон Ғафурович
парчам
6-умин Котиби якуми КМ Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон
16 августи 1946 — 24 майи 1956
Пешгузашта Дмитрий Протопопов
Ҷонишин Турсунбой Улҷабоев
Таваллуд 18 (31) декабр 1908(1908-12-31)
Даргузашт 12 июл 1977(1977-07-12) (68 сол)
Мадфан
Модар Розия Озод
Ҳизб КПСС
Дараҷаи илмӣ доктори илмҳои таърих
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Тоҷикистон
Ордени Ленин Ордени Ленин Ордени Ленин Ордени Ленин
Ордени Ленин Ордени Ленин Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Бобоҷон Ғафуров 31 декабри соли 1908 дар рустои Исфисор, ҳоло шаҳри Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омад. Дар ташаккули ӯ, чун инсони комилу хоксор, ватандӯст, олими нуқтасанҷ оилаи меҳнатдӱст, падараш Сангинов Ғафур деҳқон ва коргари роҳи оҳан (соли даргузашт 1935) ва хусусан модари маърифатпарвари ӯ шоира Розия Озод (Розия Бойматовна Ғафурова) таъсири мусбӣ расонидаанд. Давраи ҷавонии ӯ дар вазъияте мегузашт, ки ҷараёни сиёсӣ-иртиҷоии туркпарастон (пантуркистҳо) вуҷуд доштани халқи тоҷикро инкор карда, Осиёи Миёнаро ба империяи «Туркияи бузург» пайваст карданӣ буданд. Фаъолияти илмӣ-эҷодии Б. Ғафуров дар шароите оғоз гардид, ки дар афкори ҷамъиятӣ бояд исбот мешуд, ки халқи тоҷик бо меҳнати шоёнаш дар тамаддун аз давраҳои қадим маълум ва машҳур аст.

Бобоҷон Ғафуров cолҳои 1928—1930 шунавандаи курсҳои олии ҳуқуқшиносии шаҳри Самарқанд ва cолҳои 1931—1935 Институти умумииттифоқии рӯзноманигории шаҳри Москва буд. 1930—1931 дар Комисариати халқии адлияи ҷумҳурӣ, рӯзномаи «Қизил Тожикистон». Солҳои 1935—1938 ҷонишини муҳаррир, муҳаррири «Қизил Тожикистон» кор кардааст. Солҳои 1938—1941 аспиранти институти таърихи АИ Иттиҳоди Шӯравӣ таҳсил намуда соли 1941 рисолаи номзади илмро дифоъ намудааст. Аз соли 1941 то 1944 котиби КМ ҲК (б) Тоҷикистон оид ба пропаганда ва агитатcия (ташвиқ ва тарғиб), Аз 1944 то 1946 вай дар вазифаи дабири дуввум ва аз соли 1946 то 24 майи соли 1956 дар вазифаи нахустин дабири Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон буд. Дар баробари кори ҳизбӣ Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ машғул шудааст. Аз соли 1936 то соли 1938 дар Мактаби олии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон омӯзгори иқтисоди сиёсӣ буд. Аз соли 1939 то соли 1940 дар Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Сталинобод таърихи халқҳои ИҶШС таълим медод. Аз соли 1942 то соли 1948 мудири сектори таърихи Инстиути таърих, забон ва адабиёти шуъбаи тоҷикистонии АИ СССР ва дар соли 1951 аъзои ҳақиқии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.[1] Аз соли 1956 то поёни зиндагиаш Б. Ғафуров вазифаи директори Пажуҳишгоҳи шарқшиносии (Фарҳангистони Улуми Иттиҳоди Шӯравӣ) ва сармуҳаррири маҷаллаи «Осиё ва Африка» — ро бар уҳда дошт. Бо сарварии Б. Ғафуров Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1948), Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951) ташкил дода шуд.

Ташаккули олим

вироиш

Ҳанӯз дар солҳои 30-юми асри XX, ӯ ба омӯхтани таърихи халқи тоҷик шурӯъ намуда, соли 1941 дар мавзӯъи «Таърихи тариқати исмоилия аз ибтидои асри XIX то ҷанги якуми ҷаҳон» рисолаи номзадӣ ва 25 феврали соли 1952 рисолаи докториро дар мавзӯъи «Таърихи халқи тоҷик» аз Муассисаи Таърихи Фарҳангистони Улуми Иттиҳоди Шӯравӣ (АИ Иттиҳоди Шӯравӣ, Москва) ба даст овард. Дар соли 1958 аъзо-корреспонденти АИ СССР интихоб шудааст.[1]

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Бо кумаки амалии ӯ гурӯҳи муаллифон бори аввал таърихи халқи тоҷикро дар се ҷилду панҷ китоб навишта, солҳои 1963—1965 дар нашриёти «Наука»-и Москва чоп намуданд. Академик Бобоҷон Ғафуров муаллифи қариб 400 асару мақолаҳо оид ба таърихи халқи тоҷик ва таърихи умумиҷаҳонӣ мебошад, ки дар нашрияҳои гуногуни дунё чоп шудаанд. Асарҳои ӯ бо забонҳои гуногун дар Деҳлӣ, Берлин, Рим, Теҳрон, Пекин, Афина, Кобул, Париж, Қарочӣ, Варшава ва ғ. бо теъдоди зиёд ба табъ расидаанд. Бо ташаббус ва зери таҳрири ӯ танҳо бо забони англисӣ қариб 30 асар дар мавзӯъҳои муҳими таърихи мамлакатҳои Шарқ нашр гардидаанд. Профессор, мактаби калон ва эътирофшудаи шарқшиносиро асос гузошт. Дар байни осори вай китобҳои бисёрҷилдаи чун «Таърихи халқи тоҷик» ва «Тоҷикон» ҷо мегиранд, ки ба тоҷикӣ ва русӣ мунташир шудаанд. Аллома Бобоҷон Ғафуров барои навиштани шоҳасари худ «Тоҷикон» миқдори зиёда аз 2000 сарчашмаҳои дохилӣ ва хориҷӣ, монография, брошюра ва мақолаҳои илмиро самаранок истифода кардааст. Ин китоб дар баробари Шоҳномаи А. Фирдавсӣ, «Таърихи Бухоро»-и Абубакри Наршахӣ, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк чун шиносномаи халқи тоҷик барои асрҳои оянда хидмат менамояд.

Ба туфайли фаъолияти илмӣ-ҷамъиятии ӯ дар байни ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва хусусан мамлакатҳои Шарқ, муносибатҳои муътадили тиҷоратии-фарҳангӣ ба амал омаданд. Академик Бобоҷон Ғафуров ягона олими тоҷик буд, ки ӯро чун сиёсатмадори варзида дар миқёси ҷаҳон, хусусан дар Шарқ, хуб мешинохтанд. Шоири машҳури Покистон Файз Аҳмад Файз соли 1978 қабри Ғафуровро зиёрат карда чунин гуфта буд: «Ин фарзанди бузурги тоҷик дар асл фарзанди бузургтарини Машриқзамин мебошад». Ҳамин тавр, натиҷаи асосии заҳматҳои бисёрсолаи академик Бобоҷон Ғафуров дар соҳаи илм дар он аст, ки ӯ исбот намуд, ки халқи тоҷик қадимтарин халқи Осиёи Миёна ва ориёӣ мебошад, марди оқилу хирад дар ташаккули худшиносии миллии халқи тоҷик саҳми худро гузошт. Таҷрибаи таърихии халқи тоҷик, ки устод Бобоҷон Ғафуров онро дар асарҳои худ объективона таҳлил ва ҷамъбаст намудааст.

Хотираҳо аз ҳаёти Бобоҷон Ғафуров

вироиш
 
тасвири Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров

Дар китоби «Равшангари бузург» (Душанбе: «Адиб», 2006, 340 с.) Муҳаммадҷон Шакурӣ лаҳзае аз ҳаёти академик Б. Ғафуров оварда шудааст: «Соли 1972 китоби академик Бобоҷон Ғафуров „Тоҷикон“ аз чоп баромад, ва зуд шуҳрат ёфт. Ҳар зиёии тоҷик мекӯшид, ки нусхае аз он ба даст биёварад ва ҳар кас, ки ба даст овард, ба як нишаст хонда мефуровард. Пас аз чанде Бобоҷон Ғафуров (1909—1977), ки дар Маскав зиндагӣ мекард ва сарвари Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Фарҳангистони улуми шӯравӣ буд, худ ба шаҳри Душанбе омад ва бештар аз пештар мавриди таваҷҷуҳи мардум қарор гирифт.

Рӯзе дар хонаи нависанда Ҷалол Икромӣ нишасте ба ифтихори Бобоҷон Ғафуров барпо шуд. Иддае аз аҳли илму адаб гирд омаданд. Аз ҷумла Мирзо Турсунзода ва профессор Иосиф Самойлович Брагинский ҳозир шуданд. Яке аз аҳли нишаст Бобоҷон Ғафуровро шодбош гуфт ва таъкид кард, ки чун Ғафуров ба унвони сарвари Тоҷикистон (солҳои 1946—1956) ва донишманди забардасте барои миллат хидматҳои бузург кардааст, бахусус пас аз чоп шудани китоби „Тоҷикон“ месазад, ки ӯро падари миллат бигӯем. Б. Ғафуров сухани ӯро бурид ва гуфт:

Камина падари миллат нестам, фарзанди миллат ҳастам, ки мехоҳам хидмат кунам. Падари миллат устод Айнӣ буд, ки барои умри дубора ёфтани тоҷикон бештар аз ҳар касе мубориза кардааст ва ба ғалаба расидааст.

http://www.shakuri.tj/mdrs/frb.pdf Сомонаи Муҳаммадҷон Шакурӣ

Ин сухани Ғафуров ба аҳли маҷлис хуш омад. Аввал рӯҳу равони падари миллатро табрик хонданд ва баъд фарзанди миллатро шодбош гуфтанд.»[2]

Соли 1974 Бобоҷон Ғафуров ба Макка сафар карда, зиёрати Ҳаҷ намуд, ки ин ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Ин ҳодисаро одамон ҳамчун муносибати самимӣ нисбат ба дин ва ҳамчун қадами сиёсӣ бо мақсади беҳтар кардани муносибати ИҶШС бо Арабистони Саудӣ пиндоштанд.

Ин воқеаро И. М. Дяконов аз хотирааш чунин баён кардааст:

«Впоследствии, когда ему стало ясно, что жить ему оставалось недолго, он пошел в ЦК и обратил внимание на то, что Саудовская Аравия приобретает сейчас все большее политическое значение, а мы не имеем никаких сведений о том, что там происходит. Он предложил, что, будучи мусульманином, может поехать туда как паломник и посетит Медину и Мекку. Это ему разрешили и дали переводчика-мусульманина же. По прибытии в Мекку он был уже в таком слабом состоянии, что его обнесли вокруг святыни на носилках. Вернувшись в Москву, он созвал ближайших людей в свой кабинет в Институте и сказал приблизительно так: — Что я был первым секретарем ЦК компартии Таджикистана — это чепуха. Что я был членом ЦК КПСС — чепуха. Что я был академиком — это тоже чепуха. А вот что я хаджи — это в моем кишлаке оценят. — И уехал на родину умирать».[3]

Некдошти устод

вироиш
 
Яке аз асарҳо оид ба фаъолияти академик Бобоҷон Ғафуров

Устод Бобоҷон Ғафуров — 12 июли соли 1977 дар шаҳри Москва даргузашт, оромгоҳи устод бо қарори Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон дар саҳни боғи ба номи С. Айнӣ дар шаҳри Душанбе муқарар шуда буд.

Ба шарофати некдошти фарзанди баруманди миллат, олими шинохта, донишманди бузург устод Бобоҷон Ғафуров дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • шаҳраки Ғафуров ва Ноҳияи Ғафуров дар Вилояти Суғд номи ӯро доранд.
  • Соли 1997 Бо қарори Ҳукумати ҶТ ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд номи академик Бобоҷон Ғафуров дода шуд.
  • Соли 1997 Бобоҷон Ғафуров бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз шудааст.
  • Соли 1998 дар Ғафуров вилояти Суғд Осорхонаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъсис дода шудааст.
  • Якчанд нимпайкараву (назди АИ Тоҷикистон шаҳри Душанбе ва диг.) хиёбонҳои шаҳру рустоҳо ба номи ӯ сохтаву гузошта шудаанд.
  • Соли 1998 Ҳукумати вилояти Суғд Нишони ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро таъсис додааст, ки мунтазам барои саҳми арзанда дар соҳаи илму маориф ба ғолибони озмун тақдим карда мешавад.
  • Соли 2023 Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъсис меёбад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Бобоҷон Ғафуров — бузургтарин муҳақиқ ва муарифгари таърихи халқи тоҷик», ки 5 декабри соли 2023 дар Душанбе баргузор гардид, дастур доданд, Барандагони Ҷоизаи мазкур онҳое мегарданд, ки дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, шарқшиносӣ дастовард дошта, дар муаррифии таъриху фарҳанги деринаи тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ саҳми назаррас гузоштаанд.

Президенти мамлакат ба Академияи миллии илмҳо, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, вазорату идораҳои дигари дахлдор супориш доданд, ки то 1 феврали соли 2024 лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Дар ин Симпозиум дар ин заминаи таълифоти илмии академик Бобоҷон Ғафуров идома додани риштаи тоҷикшиносиро таъкид намуданд.[4]

Осорхонаи ба номи Бобоҷон Ғафуров

вироиш

Бо ташаббуси бевоситаи шогирди Бобоҷон Ғафуров профессор Ҳабибулло Холҷӯраев соли 1998 дар Ғафуров вилояти Суғд Осорхонаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъсис дода шудааст. Дар назди осорхона зери сарварии Ҳабибулло Холҷӯраев Маркази илмии «Ғафуровшиносӣ» («Гафуроведение») амал карда истодааст, ки доир ба мероси илмии академик Бобоҷон Ғафуров ва дигар масъалаҳои таърих тадқиқотҳои илмӣ мебарад. Марказ якчанд китобу рисолаҳои илмиро ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ нашр намудааст.

  • История секты исмоилитов. — М., 1941;
  • Таърихи мухтасари халқи тоҷик. — Сталинобод, 1947;
  • История таджикского народа в кратком изложении, т 1. С древнейших времён до Великой Октябрской социалистической революции 1917 г.. — М., 1949, 1952, 1955;
  • Исторические связи Средней Азии со странами Арабского Востока. — М., 1963;
  • Особенности культурной революции в советской Средней Азии. — М., 1963;
  • Кушанская эпоха и мировая цивилизация. — М., 1968;
  • Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история, — М., 1972;
  • «Тоҷикон». Таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна. Китоби 1. — Душанбе, 1973; Китоби 2, Душанбе, 1985;
  • «Тоҷикон». Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав. Китоби 1,2. — Душанбе, 1998. — 870 с.;
  • «Тоҷикон». Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав. Китоби 1,2. — Душанбе, 1998. — 870 с. ва диг.

Адабиёт доир ба фаъолияти Б. Ғафуров

вироиш
  • Бободжан Гафурович Гафуров (Материалы к библиографии ученых Таджикистана). — Душанбе, 1969;
  • Шаши Бушан. Академик Бободжан Гафуров. — Нью-Дели, 1979 (на англ.яз.);
  • Мухтаров А., Шарипов Ш. Академик Бободжан Гафуров. — Душанбе, 1983;
  • Турсунов А. Қирони Саъд. — Душанбе, 1986;
  • Мухтаров А., Шарипов Ш. Академик Гафуров Бободжан Гафурович. — Душанбе, 1989;
  • Ғаффоров У. Равшангари таърих. — Душанбе, 1990;
  • Мухторов А. Бобоҷон Ғафуров. — Душанбе, 1992;
  • Ғаффоров У. Бобоҷон Ғафуров — фарзанди фарзонаи миллат — Хуҷанд, 1996;
  • Холджураев Х. Х. Академик Б. Г. Гафуров, Кн.1-я. — Худжанд: 1998. — 207 с.;
  • Холджураев Х. Х. Академик Б. Г. Гафуров, Кн. 2-я. — Худжанд: 1998.- 173 с.;
  • Ғаффоров У. Марди накӯном — Хуҷанд, 1998;
  • Бобоев А. Д. Достойный потомок Саманидов. — Худжанд, 1998;
  • Абдуллоев С. А., Хайдаров Г. Х. Великий сын Таджикистана. — Худжанд, 1998;
  • Холджураев Х. Х. Человек-легенда. — Худжанд: «Нури маърифат», 2003. — 460 с.;
  • Мухтаров А. Судьба научного наследия Бободжана Гафурова //Авроқи рангини таърих. — Душанбе, 2007;
  • Бободжан Гафуров — ученый, политик, государственный и общественный деятель //Материалы международной научно- тероретической и практической конференции. — Душанбе, 2010 — 120с.
  • Из истории создания книги «Таджики» — Худжанд, 2010. — 268 с.;
  • Гафуроведы и гафуроведение. — Душанбе: «Ирфон», 2010, — 276 с.;
  • Академик Б. Г. Гафуров — государственный деятель, историк, политик, востоковед и дипломат. — Худжанд, 2010. — 162 с.;
  • Х.Холджураев, Г.Зоиров. Академик Б. Г. Гафуров в памяти народа. — Худжанд, 2012. — 196 с. ва диг.

Қаҳрамони Тоҷикистон

вироиш

Нигаред низ

вироиш
  1. 1.0 1.1 Бобоҷон Ғафуров
  2. Сомонаи М. Шакурӣ(пайванди дастнорас)
  3. [Сомонаи ПомниПРО Гафуров Бободжан Гафурович — Биография(рус.). 2 сентябри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 сентябри 2019. Сомонаи ПомниПРО Гафуров Бободжан Гафурович — Биография(рус.) ]
  4. Параметрро муайян кардан зарур аст title= дар шаблони {{cite web}}. (тоҷ.). www.khovar.tj (2023). 14 Январ 2024 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)

Пайвандҳо

вироиш