Сулаймон Анварӣ

(Тағйири масир аз Анварӣ, Сулаймон)

Сулаймон Анварӣ (тав. 5 октябри 1946, ноҳияи Комсомолобод, ҶШС Тоҷикистон) — забоншинос ва адиби тоҷик. Номзади илмҳои филология (1980). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2012)

Сулаймон Анварӣ
Сулаймон Анварӣ
Таърихи таваллуд 5 октябр 1946(1946-10-05) (78 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Нуробод
Ҷойҳои кор Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Зиндагинома

вироиш

Сулаймон Анварӣ 5 октябри соли 1946 дар деҳаи Ҷавчии ҷамоати деҳоти Ҳакимии ноҳияи Комсомолобод таваллуд ёфтааст. Хатмкардаи факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко мебошад. Фаъолияти меҳнатиро дар кафедраи забони тоҷикии донишгоҳи мазкур оғоз намудааст. Соли 1980 дар мавзӯи «Вожаҳои низомии „Шоҳнома“-и Абулқосими Фирдавсӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст. Аз соли 1981 корро дар кафедраи забони тоҷикии донишгоҳи номбурда ба ҳайси муаллими калон идома додааст. Солҳои 1986—1988 дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон тарҷумонӣ кардааст. Аз соли 1989 фаъолияташро дар донишгоҳ идома бахшида, дотсенти кафедра ва декани факулта будааст. Аз соли 2002 дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Муҳаққиқи таърихи забони тоҷикист.[1]

Эҷодиёт

вироиш

Чакидаҳои нахустини хомааш дар жанрҳои мақолаву очерку мутоибот дар нашрияи донишҷӯён — «Педагоги ҷавон» (ҳозира «Омӯзгори ҷавон») ба табъ расидаанд. Мақолаву тақризҳояш аз соли 1972 дар рӯзномаву маҷаллаҳои ноҳиявию ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар (Ӯзбекистон, Афғонистон ва Эрон) интишор меёбанд. Пиромуни шеваи омӯзишу парвариш, мушкилоти луғат, забон ва шеваи баёни адибони классику муосир ва арзиши фарҳангии сухан беш аз 220 мақолаву рисола ба табъ расондааст. Муаллифи 5 рисолаи илмӣ, 4 китоби дарсӣ (барои синфҳои V, VI, VII ва донишҷӯёни риштаҳои ғайрифилологии донишгоҳҳо), мураттиби «Барномаи таърихи забони тоҷикӣ (форсӣ) барои донишҷӯёни донишгоҳҳои омӯзгорӣ», 2 дастури методӣ, мутарҷими дастури омӯзиши «Машғулияти мусиқӣ дар синфи 2» (аз русӣ) мебошад. Ҳамчунин, рисолаҳои «Сухан аз шеваи омӯзиш ва парвариш» (1993), «Вожаҳои низомӣ дар Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ" (1994), «Забони аҳди Сомониён ва арзиши сухан» (1999), «Дар ҷустуҷӯи сухани зебо» (2000), «Ҷойгоҳи сухан дар осори форсӣ-тоҷикӣ» (2005), «Сухан дар коми ӯ меёфт сайқал…» (2011), «Ҳоҷӣ Ҳусайн ва арзиши сухан» (2013) зодаи заҳмати ӯстанд. Доир ба масоилу чеҳраҳои гуногуни адабиёт ва ҳунар 6 китоб таҳия кардааст, ки «Суруди Зафар» (1994), «Ромишгари мумтоз» (2000), «Санъаткори машҳури миллат» (2002), «Сухани бузургон» (2008), «Сухан бифканад минбару дорро…» (2008), «Тӯфон дар ғунча» (2009), «Зафари нотакрор» (2010) ва ғ. аз он ҷумлаанд. Дар чандин конфаронсу симпозиуми ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзидааст.

  • Сухан аз шеваи омӯзиш ва парвариш, Д., 1993;
  • Вожаҳои низомӣ дар «Шоҳнома», Д., 1994;
  • Забони аҳди Сомониён ва арзиши сухан, Д., 1999;
  • Дар ҷустуҷӯи сухани зебо, Д., 2000;
  • Ҷойгоҳи сухан дар осори форсӣ-тоҷикӣ, Д., 2005.

Ҷоизаҳо

вироиш
  • Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.[2]
  1. Кафедраи забони тоҷикӣ, Сулаймон Анварӣ(тоҷ.). www.philol.tnu.tj. 28 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 августи 2020.
  2. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 40-41 ISBN 978-99947-2-379-9