Анвар, Сулаймонхоҷаи Бухороӣ

Анвар Сулаймонхоҷаи Бухороӣ (с. тав. ва ваф. номаълум) — шоири тоҷик.

Анвар, Сулаймонхоҷаи Бухороӣ
Навъи фаъолият: шоир

Дар тазкираҳо (мас., «Тазкират-уш-шуаро»-и Муҳтарам) аз ин шоир чун шахси баркамол ва пиронсол сухан меравад. Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш дода нашудааст. Таҳсили улуми мутадовилаи мадрасагиро дар Бухоро гирифта будааст. Дар шеъру шоирӣ маҳорати баланд доштааст ва худаш ҳам дар ин боб сухан ронда, худро аз шоирони ҳамнавъаш баландтар мегирифт. Аз девони ашъор доштанаш иттилое дастрас нагардидааст. Дар тазкираҳову баёзҳои садаи 19 намунаҳои ашъораш ҷой гирифтаанд.

Ин ғазал аз ӯст:

Фасли Наврӯз омаду гулҳо ба сар дорад баҳор,
Чун гули садбарги раъно сар ба сар дорад баҳор
Мавҷ зад дар баҳри дилҳо ишқи маҳрӯёни даҳр,
Аз камоли ишқи хубон сад гуҳар дорад баҳор.
Лолаву райҳон барояд, лоларухсорон зи пай,
Аз фироқи гулрухон хун дар ҷигар дорад баҳор
Дар гулистон, Анваро, як дам ту болу пар кушо,
Ҳамчу булбул дар чаман сад болу пар до рад баҳор.

Сарчашма

вироиш