Анвар Мусоев (тав. 1930, ноҳияи Ҳисор), муаррих, номзади илмҳои таърих (1976), дотсент (1977).

Анвар Мусоев
Анвар Мусоев
Таърихи таваллуд 1930(1930)
Зодгоҳ ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Зиндагинома

вироиш

Соли 1961 факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм кардааст. Солҳои 1961–1962 муҳаррири нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1962–1969 ходими илмии Институти илмҳои педагогии ҶШС Тоҷикистон, 1969–1970 ассистенти кафедраи таърихи ҲКИШ, 1970–1973 аспиранти кафедраи таърихи ҲКИШ, 1973–1977 муаллими калони кафедраи таърихи ҲКИШ-и Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Фаъолияти минбаъдаашро ҳамчун дотсент дар филиали Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе дар ш. Қурғонтеппа идома додааст. Муаллифи зиёда аз 20 корҳои илмӣ дар нашрияҳои мухталифи ҷумҳурӣ аст.

Пайвандҳо

вироиш