Анвар Тағоймуродов

Анвар Ҳайдарович Тағоймуродов (зод. 17 январ 1961) — генерал-майори милиса, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V[1]

Анвар Тағоймуродов
Зодрӯз 17 январ 1961(1961-01-17) (63 сол)

Нигаред низ

вироиш

Анвар Тағоймуродов пас аз хидмати сесола дар сафи Артиши Шӯравӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ ба кор рафт. Соли 1984 мактаби миёнаи махсуси Вазорати корҳои дохилии Иттиҳоди Шӯравиро хатм намуд. Соли 1991 бошад, Мактаби олии милитсияи шаҳри Тошкенти Вазорати корҳои дохилии Иттиҳоди Шӯравиро ба итмом расонд[2].

Солҳои зиёд аст, ки дар вазифаҳои масъули ҳайати миёна ва калони роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа мекунад.

Дар вазифаҳои роҳбарикунандаи ҳайати фаврии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз моҳи январи соли 2005 то моҳи майи соли 2007 фаъолияти хешро идома бахшидааст. Аз ҷумла Анвар Тағоймуродов чанд сол сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Раёсати мазкур вазифаи хеле душвору пурмасъулиятро ба уҳда дорад. Мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, беяроқгардонии гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор, пешгирӣ ва ошкор намудани дигар амалҳои ҷинояткорона аз самтҳои асосии фаъолияти ин Раёсат аст. Дар таркиби Раёсат шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои хариду фурӯши одамон, бахши мубориза бо ҷиноятҳо дар соҳаи амнияти иттилоотӣ амал мекунанд, ки иҷрои вазифаҳои мураккабро ба уҳда доранд. Ошкор намудан ва пешгирии чунин амалҳои ҷиноятӣ донишу таҷриба, доштани дараҷаи баланди касбиятро тақозо менамояд. Тӯли солҳои роҳбарии генерал-майор Анвар Тағоймуродов аз ҷониби кормандони ин раёсат бисёр амалҳои ҷиноятӣ, гурӯҳҳои муташаккил, ҳолатҳои хариду фурӯши одамон ошкор ва ҷинояткорон дастгиру ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои сардори Раёсати фаврии махсус ва муовини директори ҳамин Агентӣ (солҳои 2007—2009), муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2011—2012) фаъолият намудааст. Баъдан ба сифати сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон (солҳои 2012—2015) фаъолияти худро идома додааст.

Моҳи марти соли 2002 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, то январи соли 2005 дар парлумони касбии мамлакат фаъолият намуд.

Ҷоизаҳо

вироиш

Барои хизматҳои арзанда дар назди халқу Ватан бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, медали «Ҷасорат» ва 31 мукофоти соҳавӣ қадршиносӣ шудааст.

  1. КМИР рӯйхати вакилони тозаинтихоби Маҷлиси намояндагонро чоп кард. 9 марти 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 июли 2015.
  2. Аъзам МӮСОЕВ, Давлат СУЛТОНОВ. Дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҷрибаи комил дорад. «Садои мардум» (24 феврали 2020). 25 ноябри 2021 санҷида шуд.

Пайвандҳо

вироиш