«Анвори ҷаллия» — асари Абдуллоҳи Занузӣ роҷеъ ба фалсафа ва тасаввуф.

Ба забони форсӣ таълиф шуда, аз муқаддима ва шарҳу баёни масъалаҳои гуногуни ирфонӣ иборат аст. Муаллиф зимни таҳқиқи масъалаҳои тасаввуф назари файласуфонро низ баррасӣ кардааст. Дар муқаддима муаллиф сабаби таълифи китобро ёдовар шуда, дар ламаоти якум ба таҳқиқи илоҳиёт мепардозад. Ба фикри ӯ, ҳикмати илоҳӣ ба саволи «мо қувва» ҷавоб шуда, он тасаввури моҳият ва ҳақиқат мебошад, вале тасаввур ғайри тасдиқ ва вуҷуд ғайри моҳият аст. Аз ин рӯ, муаллиф масъалаи шиддату заъфро дар ҳикмати илоҳӣ баррасӣ карда, вуҷуди файёзро асл ва бақияи мавҷудотро шурӯи зоти вуҷуди ҳақиқӣ мепиндорад. Дар ҳамин қисмат асолати вуҷуд ва асолати моҳият баён шуда, масъалаи тавҳид ҳамчун «ло шарика лаҳу фӣ вуҷуд-ил-вуҷуд» ба миён гузошта шудааст. Вобаста ба ҳамин масъала мартабаҳои вуҷуди воҳид баён шуда, вуҷуди воҷиб аввал ҳамчун мартабаи ҳақиқат, сонӣ вуҷуди муайян тадқиқ гардидаанд. Абдуллоҳи Занузӣ маърифати ирфонии ҳақиқати имконӣ ба зотро баробар бо мукошафа ва мушоҳада медонад ва мартабаҳои онро аз назари худ шарҳ медиҳад. Дар ламаоти минбаъдаи «Анвори Ҷаллия» фарқи байни асмоъ ва сифотро ба фарқи араз ва сифати фаслу сурату ҷинсу модда, қудрату қодир ва ҳаёту ҳай монанд мекунад, маротиби мавҷудотро дар шиддату заъф мухталиф ва дар камолу нуқс гуногун пиндошта, мавҷудоти азалиро ҳамчун «асмои ҳусно» комилу қавӣ медонад. Барои нишон додани ҳамин масъала муаллиф ба таҳқиқи қавси нузул ё худ сайри бидояти нузул мепардозад ва ҳар зинаи мобаъдро нисбат ба зинаи моқабл нисбати нуқс ба камол, нисбати заъф ба шиддат ва нисбати қатра ба дарё медонад. Муаллиф дар «Анвори Ҷаллия» силсилаи масъалаҳои ирфониро аз қабили тавҳид, қалб, сир, кашф, файз, рӯҳ, нуру зулмат ва навъҳои гуногуни маърифат (илми виросат ва диросат) таҳқиқ намуда, ҳангоми таҳлили онҳо назари намояндагони равияву ҷараёнҳои гуногуни фалсафию ирфониро низ нишон медиҳад.

Сарчашма

вироиш