Ангар
Ошёна ё Ангар (фр. hangar) — маконест барои ҳифозат, хидматрасонии фаннӣ ва таъмири ҳавогардҳое, назири ҳавопаймову чархбол.

Нақшаи ошёнаи ҳавопаймо — эллинг
Аз рӯйи таъйинот ошёна се навъ мешавад: доимӣ, муваққатӣ ва васлу ҷудошаванда. Ошёнаи доимиро аз филизот ва оҳану бетон, ошёнаи муваққатиро аз чӯбу тахта, ошёнаи васлиро аз пӯлод ва хӯлаҳои сабук месозанд. Шаклу андозаҳои ошёна ба навъ ва шумори ҳавогардҳо вобаста аст. Ошёна бо таҷҳизоти таробарӣ ё ҳамлу нақл, иртиботот, дуздгир ва дастгоҳҳои оташнишонӣ муҷаҳҳаз мешавад.
ЭзоҳВироиш
СарчашмаВироиш
- Ангар // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2021, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |