Ангиография
Ангиогра́фия (юн. ἀγγεῖον — раг + γράφειν — навиштан) — усули тадқиқи рентгенологии рагҳои хунгарди узвҳои гуногун (мағзи сар, дил, шуш, гурда ва ғайра) бо роҳи ба онҳо ворид намудани маводи контрастӣ, ки барои организм безарар мебошанд (чунин моддаҳо сояи аниқ дошта, ҷараёни ташхисро осон мегардонанд). Ангиографияро бо мақсади омӯзиши бо хун таъмин шудани узв ва ошкор намудани бемориҳои рагу бофтаҳо истифода мебаранд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.