Ангиосаркóма — омоси рагҳо.
Табиати саратонӣ дошта, кам ба мушоҳида мерасад. Тақр. 60 фоизи беморӣ пӯст ва бофтаҳои нарм, тақр. 40 фоизи он ҷигар, устухонҳо, сипурз ва ғадуди ширро фаро мегирад. Ҳама навъҳои ангиосаркома аз ҳуҷайраҳои эндотелӣ ба вуҷуд меоянд. Ангиосаркома, одатан, дар сар, гардан, қисми мӯйдори сар, баъзан дар ҷоғи боло ва поён, бодомакҳо, ханҷара падид меояд. Бештар дар мардҳои калонсол (аз 60-сола боло) ба назар мерасад (занҳо ба ангиосаркома ду баробар камтар гирифтор мешаванд).