Ангиостомия
Ангиостомия, вазостомия — яке аз усулҳои ҷарроҳӣ. Ангиостомияро олимон Фелкер ва Белфилд бо мақсади муолиҷаи илтиҳоби манидон пешниҳод кардаанд. Ҷарроҳӣ зери беҳиссозии ҷузъӣ (мавзеӣ) гузаронда мешавад. Бурриши ҷойи амалиёт калон нест (4-5 см).
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.