Ангоб (фр. engobe) — рангест, ки онро аз гил тайёр мекунанд ва дар кулолӣ истифода мебаранд.

Ангоб сафед (аз навъи гилҳое, ки ҳангоми дар хумдон пухтан ба худ ранги сафед мегирад) ва ранга (ҳангоми пухтан бо иловаи маддаҳо ранг мегирад) мешавад. Ангобро одатан ба рӯи зарфи сафолӣ пас аз хушкидан ва пеш аз пухтан мемоланд, ки он ранги аслии зарф ва ноҳамвориҳои рӯи онро пинҳон мекунад. Ангоб дар Осиёи Миёна аз давраҳои неолит (ҳазораи 4–3 то м.) маълум буд. Дар замони атиқа (а. 4 то м. – садаи 4 м.) асосан ангоби сурх ва ҷигарӣ истифода мешуд. Дар замони Қарахониён (садаҳои 11 – 12) бештар ангоби сафед ба кор мерафт. Аввал ангобро ба рӯи зарф молида, сонӣ нақш мекашиданд. Баъзан аз рӯи ангоб ба зарф сири шаффоф ҳам мемолиданд. Ангоб ҳозир ҳам дар кулолӣ, истеҳсоли хишти ранга ва ороиши бино истифода мешавад.

Ҳамчунин нигаред

вироиш

Сарчашма

вироиш