Ангре́н (ӯзбекӣ: Angren, Ангрен — шакли вайроншудаи Оҳангарон) — шаҳр (19411946 шаҳраки Ангреншахтсрой) дар вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Шаҳр
Ангрен
ӯзбекӣ: Angren, Ангрен
41°01′ с. ш. 70°08′ в. д.HGЯO
Кишвар  Ӯзбекистон
Вилоят Тошканд
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 1942
Шаҳр аз 1946
Баландии марказ 961 ± 1 м
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 175 400[1] тан (2014)
Номи қавмӣ ангренӣ, ангрениҳо
Забони расмӣ ӯзбекӣ *
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +998 7066
Нишонаҳои почта 110200
angren.info
Ангрен дар харитаи
Ангрен
Ангрен
 Парвандаҳо дар Викианбор

Аҳолӣ 175,4 ҳаз. нафар (2014)[1].

Ҷуғрофиё

вироиш

Байни қаторкӯҳҳои Чатқол ва Қурама, дар соҳили чапи дарёи Оҳангарон воқеъ гаштааст. Аз А. роҳи автомобилгарди Тошканд — Қӯқанд мегузарад. Маркази саноати ангишти Ӯзбекистон.

Таърих

вироиш

Соли 1934 дар натиҷаи иктишофи геологӣ кони калони ангишт ёфт шуда, истихроҷи он соли 1942 шурӯъ гардид. Дар сохтмони Ангрен хатогӣ роҳ дода шуда, баъдтар маълум гардид, ки он болои кон ҷой гирифтааст ва зарурати ба дигар ҷой кӯчондани шаҳр пеш омад. Соли 1956 шаҳри нав 7—8 км дуртар аз Ангрени пештара, дар ҷойи аз ангишт холишудаи мавзеъ бино ёфт.

Аҳолӣ

вироиш

Шумораи аҳолӣ то 1 январи соли 2013 172 880 нафар буд, ки аз онҳо 73 % (126 247 нафар) ӯзбекон, 17 % (28 653 нафар) тоҷикон, 5 % (8282 нафар) куриёиҳо, 3 % (4621 нафар) русҳо ва камтар аз 1 % (1284 нафар) тоторҳо буданд.

Саноат

вироиш

Корхонаҳои калонаш: комбинати «Ӯзбеккӯмир» (Ангишти ӯзбек), Комбинати маъдантозакунии «Каолин» (корхонаи муштарак бо Германия), заводҳои истеҳсол ва таъмири таҷҳизоту техникаи саноати кӯҳӣ, конструксияҳои оҳанубетонӣ, семент, асфалт, металлҳои ранга. Дар Ангрен корхонаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ (комб. орд ва нонпазӣ), ҷамъиятҳои саҳҳомии «ӯзбекнефтегаз», «Ангренкулол», «Ӯзбекрезинатехника», «Ангрензот» низ ҳастанд. Ду нерӯгоҳи барқии ноҳиявӣ бо гази маҳаллӣ кор мекунад. Дар Ангрен ягона дар мамлакат пойгоҳи зеризаминии истеҳсоли гази ангишт (бо усули пиролиз) фаъолият дорад.

Илму фарҳанг

вироиш

Дар Ангрен филиали Донишкадаи педагогӣ, Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд, техникумҳои кӯҳкорию геологӣ, сохтмон, омӯзишгоҳи тиббӣ, коллеҷи хидмати маишӣ, осорхонаи таъриху кишваршиносӣ мавҷуданд.

«Ангрен ҳақиқати», «Агренская правда», ширкати телевизион ва радиои «Орион-ТВ».

Сарчашма

вироиш