Ангури сиёҳи калондона

Ангури сиёҳи калондона, Сиёҳи қазноқӣ, Сиёҳи раштӣ — навъе аз ангурҳои маҳаллӣ. Селексияи халқист. Баргаш сабзи баланд, миёнаҳаҷм (дарозиаш 14 – 15 см), гирда, 3 – 5-парра, чоки парраҳояш ҷуқур. Ох. май гул карда, авв. сент. мепазад. Гулаш дуҷинса. Хӯшааш калон (дарозиаш 17 – 22 см, бараш 13 – 14 см, вазни миёнааш 370 – 400 г), шингилҳои болоияш нағз инкишоф ёфтаанд. Ғужбаш калон (дарозиаш 18 – 20 мм, бараш 14 – 16 мм), лӯнда (вазни 100-тоаш 220 – 235 г), сиёҳи бунафштоб, 2 – 3 дона тухми хурд дорад. Мумпарда ва ғужмаш ғафс. Гӯшташ хамираки сероб, сершираву хуштаъм, мазаи шоҳтутро мемонад. Баъди пурра пухтан, то 21% қанд ва 6,2 – 6,9 г/л туршӣ дорад. Даври нашваш 142 – 146 рӯз. А. навъи хеле зудсабз ва серҳосил аст. Тақр. 38 – 46 фоизи навдаҳояш самаровар; ҳангоми 5 – 7 буғум монда буридан ҳосили зиёд медиҳад. Ниҳолаш баъди 3 – 4 соли шинондан самар меорад. Аз 1 га токзораш 125 – 200 сентнер ҳосил меғундоранд. Ҳосилашро тар мехӯранд, мавиз мекунанд, дар майкашию истеҳсоли шампон истифода мебаранд. Барои ба ҷойҳои дур кашондан ва нигоҳ доштан (то февр. – март) мувофиқ аст. Токи он дар заминҳои лалмӣ низ хуб сабзида ҳосили хуб медиҳад. Асосан дар ҳаётаи сокинони ноҳияи Рашт ва деҳаҳои атрофи он вомехӯрад. Токаш ба сармо, камобӣ ва касалиҳои занбӯруғӣ (ҷел ва қарасон) тобовар аст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Ампелография СССР, Малораспространённые сорта винограда, т. 1, М., 1961;
  • Ампелография СССР, справочный том, М., 1970;
  • Рубан Н. Г., Сорта винограда Средней Азии, Ташкент, 1972.

Сарчашма вироиш