Ангури сиёҳи ҳисорӣ

(Тағйири масир аз Ангури сиёҳи Ҳисорӣ)

Ангури сиёҳи ҳисорӣ — навъе аз ангурҳои маҳаллии дерпазак.

Навъи қадима аст. Баргаш миёнаҳаҷми сепарра, камчок (баъзан дандонадор), канорҳояш ба боло тобхӯрдаанд. Гулаш дуҷинса, хӯшааш калон (вобаста ба маҳали парвариш 258—430 г), махрутшакл (дарозиаш 19—23 см, бараш 14—15 см), шингилҳои болоияш нағз инкишоф ёфтаанд. Ғужбаш калони лӯнда, сиёҳи бунафштоб. Ғужмаш ғафси сахт, гӯшташ сероб, мулоим, нордони гуворо; 2—3 дона тухми майда дорад. Баъди пурра пухта расидан дар таркиби мевааш 22—26 % қанд ва то 5,5 г/л туршӣ мавҷуд аст.

Ангури сиёҳи ҳисориро барои тархӯрӣ, мавиз кардан ва шаробкашӣ истифода мебаранд. Ангури сиёҳи ҳисорӣ яке аз беҳтарин навъҳои ангури шаробии водии Ҳисор аст. Даври нашваш 135—145 рӯз. Дар водии Ҳисор 18—25 май гул карда, 20—25 июл ранг мегардонад ва ох. сент. мепазад. Токаш зудсабз ва серҳосил, навдаҳояш (28—32 фоизи онҳо ҳосилдеҳанд) то тирамоҳ пурра мерасанд. Бо мақсади зиёд шудани ҳосил навдаҳояшро 5—7 буғум монда мебуранд. Токаш дар заминҳои лалмӣ суст месабзад ва ҳосили кам медиҳад. Дар токзори обии хоҷагии «Шаҳринав» аз ҳар га 189—246 сентнер ҳосил рӯёндаанд. Ангури сиёҳи ҳисорӣ чун навъи стандартии Тоҷикистон барои парвариш дар заминҳои обии вил-ҳои Хатлон, Суғд ва водии Ҳисор тавсия шудааст. Дар ноҳияҳои Деҳнав ва Сариосиёи вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон низ парвариш мекунанд. Ангури сиёҳи ҳисориро баъзан саҳван Сиёҳангур низ меноманд. Токаш ба сармо ва касалиҳои гардаю қаросон тобовар аст.

Адабиёт

вироиш
  • Раҷабов А., Маълумотномаи токпарвар, Д., 1986;
  • Ампелография СССР. Малораспространенные сорта винограда, т. 1, М., 1963;
  • Киселев Н. А., Винодельческие районы и вина Таджикистана, М., 1967;
  • Кирилов И. Ф. (ва диг.), Виноградарство Таджикистана, Д., 1969.

Сарчашма

вироиш