Ангуштзанӣ
Ангуштзанӣ, перкуссия (лот. percussio — оҳиста кӯфтан) — яке аз усулҳои муоинаи узвҳои дарун.
Маълумоти таърихӣ
вироишДар тиб аз аввали садаи XIX истифода мешавад. Ҳангоми ба сатҳи бадан ангушт задан, дар узвҳои зери он ҷойгирифта ҳаракатҳои лаппишнок ба вуҷуд меоянд, ки садо ва давомоти муайян доранд. Масалан, шуш, ки ковок буда, ҳаво дорад, садои возеҳу рӯшан мебарорад; ҷигар ва мушакҳо, ки узвҳои пурраанд, овози паст медиҳанд. Ангуштзанӣ ду хел мешавад: топографӣ (мавқеи узвро муайян мекунад) ва муқоисавӣ (тағйироти узвро ошкор месозад). Пайдо шудани садои кунд дар ягон қисми шуш аломати илтиҳоб ё плеврит аст; садои нақорамонанд далели бисёр ҳаво доштани бофтаи шуш (масалан, эмфиземаи шуш) ва дар шуш мавҷуд будани ҷавф (масалан, киста) мебошад; садои кунди пахшшаванда аломати дар ҷавфи шикам вуҷуд доштани моеъ (масалан, истисқо) аст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Ангуштзанӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.